Марг дар ринг: варзишкори мексикоиро то мурдан куфтанд-видео

Обуна шудан
Варзишкори мексикоӣ Сезар Гонсалес зимни намоиши Lucha Libre дар Лондоне вафот кард

Навори марги варзишкори мексикоӣ дар ринг, дар интернет паҳн шудааст.

Аз навор дида мешавад, ки варзишкори номӣ, ки бо лақаби "Шоҳи нуқрагӣ" маъруф аст, аз рақибаш мағлуб шуда, дар рӯи саҳна беҷон мондааст.

Довар ва рақиби Гонсалес сараввал аз ҳолати ӯ пай набурданд. Эҳтимол меравад, ки сабаби марги варзишкор, сактаи дил бошад.

Гонсалес аз рӯи нақши рестлер дар филми ҳаҷвии "Начо Либре" (2006) ёни мардум мимаъруф аст. 

Дар ин филм ӯ ҳамроҳи ҳунарманди голливуд Ҷек Блэб нақш офаридааст.

Пештар як фоҷиаи ба ҳамин монанд бо мудели бразилӣ ба вуқӯъ пайваста буд.

Дар намоиши муд дар шаҳри Сан-Паолои Бразилия, ҷавони 26-сола зимни намоиши муд ба бандҳои пойавзолаш печида ба ҳалокат расид.

Лентаи хабарҳо
0