Дидори сафири тоҷик бо вазири Покистон: тиҷорат бештар мешавад

© ВУХМулоқоти Сафири Тоҷикистон бо Вазири федеролии амнияти озуқавории миллӣ ва тадқиқоти Покистон
Мулоқоти Сафири Тоҷикистон бо Вазири федеролии амнияти озуқавории миллӣ ва тадқиқоти Покистон - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Дар рафти суҳбат  масъалаҳои дуҷониба ва рушди ҳамкориҳои мутақобилан судманди ду кишвар баррасӣ шудааст

ДУШАНБЕ, 13 май — Sputnik. Сафири Тоҷикистон Исматулло Насредин бо вазири федеролии амнияти озуқавории миллӣ ва тадқиқоти Ҷумҳурии Исломии Покистон ҷаноби Соҳибзода Муҳаммад Маҳбуб Султон дидору мулоқот кардааст.

Ба гузориши равобити умумии ВУХ Тоҷикистон, дар рафти суҳбат  масъалаҳои дуҷониба ва рушди ҳамкориҳои мутақобилан судманди ду кишвар баррасӣ шудааст.

"Ҳамкории Тоҷикистону Покистон дар соҳаи кишоварзӣ, амнияти озуқаворӣ ва инчунин баланд бардоштани сатҳи тиҷоратии тарафайн нисбат ба маҳсулоти кишоварзӣ, баррасӣ шуданд",-омадааст дар хабарнома.

Международная торговая ярмарка Сугд-2018 в Худжанде - Sputnik Тоҷикистон
Тоҷикистон ба Покистон трактор содир мекунад

Ҳамчунин масъалаи баргузории вохӯрии Гуруҳи кории муштарак ва ба роҳ мондани робитаҳои коршиносони ҳарду ҷониб муҳокима  шуд.

Мулоқоти Эмомалӣ Раҳмон бо Имрон Хон дар Пекин

Дар ин дидор пешниҳод шудааст, ки дар ҳамоҳангӣ бо мақомотҳои марбутаи кишварҳо, баргузории ин вохурӣ дар доираи ҷаласаи навбатии Комиссияи 6-уми байниҳукуматии муштараки Тоҷикистон ва Покистон, ки дар соли ҷорӣ ба нақша гирифта шудааст, ташкил карда шавад.

Лентаи хабарҳо
0