ДУШАНБЕ, 13 май — Sputnik. Дастаи футболи «Хуҷанд» барои бозӣ бо дастаи «Алтин Асир» дар доираи бозиҳои марҳилаи гурӯҳии Ҷоми КФО-2019 ба пойтахти Туркманистон-шаҳри Ашқобод сафар кард.
Дар ин бора равобити умумии мақомоти Суғд хабар медиҳад.
Гуфта мешавад, ки «Хуҷанд» дар ин даври бозиҳо, бо дастаи «Алтин Асир» вориди майдони рақобат мешавад.
"Ин бозӣ рӯзи 15 май, соати 18:30 ба вақти Душанбе доир мешавад",-омадааст дар хабарнома.
Ёдовар мешавем, ки айни замон дастаи футболи «Хуҷанд» бо дарёфти чор хол дар зинаи дуюми гурӯҳи «D»-и Ҷоми КФО-2019 қарор дорад.
Дастаи "Истиқлол"-и шаҳри Душанбе дар ҷойи аввал, дастаи футболи «Алтин – Асир» бо се хол дар ҷойи сеюм ва дастаи футболи «Дордой» бо касби як имтиёз дар мақоми охирин қарор доранд.