ДУШАНБЕ, 12 май — Sputnik. Дар ин бора Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон иттилоъ дода, афзуд, ки мусобиқот аз 3 то 9 майи соли 2021 баргузор хоҳанд шуд.
Ба иттилои манбаъ, Ассотсиатсияи ҷаҳонии федератсияҳои варзишии байналмилалӣ – “GAISF” эълон намуд, ки дар бозиҳо варзишгарони намудҳои якҳарба иштирок мекунанд.
“Барномаи бозиҳо ҳоло тасдиқ нашудааст, вале маъмулан он аз намудҳои олимпӣ ва ғайриолимпии варзиш, мисли ҷудо, таеквондо, бокс, гуштини варзишӣ, шамшербозӣ, самбо, каратэ, ушу, муайтай, ҷиу-ҷитсу, сумо, кикбоксинг, айкидо иборат хоҳад буд”, - иттилоъ дод манбаъ.
Кумитаи миллии олимпӣ зикр кард, ки аввалин Бозиҳои ҷаҳонии ҳарбӣ соли 2010 дар Чин баргузор гардиданд.
Соли 2013 бошад, шаҳри Санкт-Петербурги Русия мизбони бозиҳо буд. “Бозиҳои ҷаҳонии сеюми ҳарбӣ соли 2019 бояд дар Тайпей доир мегашт, аммо соли гузашта бинобар банақшагирии формати сабқатҳо бозиҳо боздошта шуданд. Дар бозиҳо варзишгарони беш аз 100 давлат иштирок хоҳанд кард”, - омадааст дар иттилоияи Кумитаи миллии олимпӣ.