Масъули Палата 250 ҳазор $ “доля” гирифту корманди Ожонс ним миллионро не: нақли Раҳмон

CC0 / Pexels / Деньги в чемодане, архивное фото
Деньги в чемодане, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон тафсилоти дуздии беш аз 150 миллион сомониро зимни сохтмони маҷмааи тиббии “Истиқлол” баён кард

ДУШАНБЕ, 12 май — Sputnik. Раисиҷумҳури Тоҷикистон зимни мулоқот бо кормандони мақомоти молия, андоз, гумрук ва бонкҳо аз парвандаи пурсарусадои дуздии даҳҳо миллион сомонӣ аз беморхонаи “Истиқлол” зикр кард.

Глава налогового комитета Таджикистан Давлатзода Нусратулло, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Раҳмон хоҳиши раиси Кумитаро рад кард: Кодекси андоз нав мешавад

Эмомалӣ Раҳмон гуфт, муроҷиатро дарёфт намуд, ки масъули Палатаи ҳисоб 250 ҳазор доллар ҳақашро гирифта, санад тартиб додааст, ки дар беморхонаи “Истиқлол” ҳама дуруст аст.

Раисиҷумҳур афзуд, ин арзро ба Ожонси зидди фасод барои таҳқиқ пешниҳод намуд ва исрофкориҳои зиёде дар ин иншоот ошкор гардиданд. Ба нақли раисиҷумҳур, дастандаркорони ин дуздӣ талош карданд ба корманди Ожонси зидди фасод низ 400-500  ҳазор доллар пора диҳанд, аммо боздошт шуданд.

Раисиҷумҳур зикр кард, ки дар ҷараёни сохтмони маҷмааи “Истиқлол” чанд бор аз майдони сохтмон дидан кард. Ӯ гуфт, гарчанде сохтмончӣ нест, мушоҳида кард, ки маҳсулоти пастсифат истифода шудаанд ва маблағҳои ҳангуфт ба истилоҳ “списат” кардаанд.

Эмомалӣ Раҳмон таъкид кард, ки дар пайи санҷиш дуздии рӯирости беш аз 150 миллион сомонӣ ошкор шуд, ки имкон дошт, бо ин маблағ 10 мактаби муосири ҳар кадомаш 15 миллионӣ бунёд карда шаванд.

Эмомали Рахмон ознакомился со ходом строительства главной соборной мечети города Душанбе и Исламского института Таджикистана  - Sputnik Тоҷикистон
Эмомалӣ Раҳмон “дача” дорад? посухи Президент-видео

Дар доираи ин қазия, ки Эмомалӣ Раҳмон аз он зикр кард, додгоҳи шаҳри Душанбе моҳи апрели соли 2017 Саидшариф Анваров, сардори пешини Раёсати сохтмони асосии шаҳри Душанберо ба 18 соли зиндон ва 9 миллион сомонӣ ҷарима маҳкум кард. Дар маҷмуъ дар доираи парванда 7 нафари дигар,  аз ҷумла Фазлиддин Маҳмудов, мудири "Тоҷикколхозсохтмон" ҳам ба 18 соли зиндон ва пардохти 9 миллион сомонӣ маҳкум гардид.

Маҷмааи тиббии “Истиқлол” аз ҷумлаи иншооти бузург дар пойтахти Тоҷикистон мебошад, ки бо харҷи беш аз ним миллиард сомонӣ бунёд гардидааст.

Лентаи хабарҳо
0