Манзилҳо ва худравҳои мудири "Манзили дастрас" мусодира шуданд

© Sputnik / Илья ПиталевАрест, архивное фото
Арест, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Нуруллоҳ Наъимов мудири ширкати Манзили дастрас ва муовинони вай акнун ба иттиҳоми бардошти ғайриқонунии молӣ дар боздошт ба сар мебаранд ва дар ояндаи наздик муҳокимаи онон дар додгоҳ оғоз хоҳад шуд.

ДУШАНБЕ, 11 мая – Sputnik. Манбаъҳои Додситони кулли Тоҷикистон аз мусодираи амвол ва дороиҳои масулони боздошт шудаи ширкати сохтмонсозии мавсум ба Манзили дастрас,ки ниҳоди вобаста ба шаҳрдории Душанбе аст, хабар додааст.

Ба нақл аз сомонаи "Паср тудэй" дар истинод ба сомонаи "Топ Ти Ҷи", ин манобеъ арзиши манзилҳои маскунӣ ва худравҳои мусодира шудаи Нуруллоҳ Наъимов мудири ширкати Манзили дастрас ва муовинони вай ро 20 миллон сомонӣ ( муодили 2 миллион доллар ) эълом кардаанд.

Моҷарои маблағҳои пешпардохт кардаи муштариёни ширкати сохтмонсозии Манзили дастрас аз соли 2013 оғоз шуд,ки мардум ба умеди хонадор шудан ба ҳисоби ин ширкат пардохт  кардаанд аммо то ба ҳол аз ин манзилҳо хабаре нест.

Рустам Эмомали - Sputnik Тоҷикистон
Баъди даъвои Рустам Эмомалӣ: ВУД аз боздошти мудири "Сохтмони манзили дастрас" хабар дод

 Нуруллоҳ Наъимов мудири ширкати Манзили дастрас ва муовинони вай акнун ба иттиҳоми бардошти ғайриқонунии  молӣ дар боздошт ба сар мебаранд ва дар ояндаи наздик муҳокимаи онон дар додгоҳ оғоз хоҳад шуд.

 Тоҳир Ёрмаҳмадов яке аз молбохтагон мегуяд, дар соли 2013 маблағи 19 ҳазор доллар барои хонадор шудан ба ширкати Манзили дастрас пардохт кардааст аммо акнун сарнавишти ин пул мушахас нест. Хонуми Савсан Ниёзова низ маблағи 14 ҳазору 800 долларро ба унвони пешпардохт ба ширкати Манзили дастрас таҳвил додааст ва акнун намедонад чикор кунад.

Абдулмаҷид Усмонзода сухангӯӣ шаҳрдории Душанбе таъкид мекунад,ки ҳам акнун наздик ба 200 нафар афроде,ки ба умеди хонадор шудан ба ширкати Манзили дастрас маблағҳоеро пардохт кардаанд, нигарони манобеъи молии хеш ҳастанд.

Аммо ин иттифоқот дар замони шаҳрдори қаблии Душанбе рух додааст ва акнун масулони нави шаҳрдорӣ талош мекунанд то сохти манзилҳои маскунии шикояткардаҳо такмил шавад.

Лентаи хабарҳо
0