Эмомалӣ Раҳмон: ба президент занг задану ба наздаш даромадан осон аст - Видео

© пресс-служба главы РТПрезидент Таджикистана Эмомали Рахмон
Президент Таджикистана Эмомали Рахмон - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Ман арзу шикояти мардумро бениҳоят зиёд мегирам, ба президент занг задану ба наздаш даромадан осон аст, аммо ба назди роҳбари бонк касе даромада наметавонад

ДУШАНБЕ, 11 мая – Sputnik. Раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон 10 май бо мақомоти бонку молия ва гумруку андоз мулоқот кард. Раисҷумҳур соҳаи бонкдории Тоҷикистонро таҳлил карда, аз камбудиҳои соҳа сахт интиқод кард.

Эмомалӣ Раҳмон изҳори нигаронӣ кард, ки кормандони бонк маблағҳоро бо ҳар роҳ аз худ мекунанду роҳбарон нисбати муассисаашон беаҳамиятанд. Кор то ҷое расидааст, ки шикояти мардум то раисҷумҳур мерасаду онҳо намешунаванд. "Ба президент занг задану наздаш даромадан осон аст, аммо ба назди раисони бонкҳо, не",  - таъкид дошт кишвардор.

Мо бо умеди бонкҳову онҳо маблағҳоро азхуд мекунанд

Президент гуфт, ки давлат бо умеди бонкҳо аст, ки дар шаҳру навоҳиҳои дурдаст соҳибкорону сокинонро бо қарзҳои имтиёзнок дастгирӣ мекунанд, аммо маблағҳо байни ду се нафар шуста мешаванд.

"Ду-се нафар квитансияҳои бардурӯғ менависанд, ки 10 миллион қарз гирифтаем. Аммо саранҷом маълум мешавад, ки худи кормандони бонк бо истифода аз мансаб ин маблағҳоро аз худ кардаанд", - қайд кард Эмомалӣ Раҳмон.

Сотрудник таможенной службы Шахбоза Раджабзода отчитывается перед Эмомали Рахмоном - Sputnik Тоҷикистон
Чаро аз номи фарзандони ман гап мезанӣ?!: Раҳмон гумрукчии дурӯғгӯйро шарманда кард- Видео

Дар аксарияти филиалҳои "Амонатбонк" ва дигар филиалҳое, ки ба "Агробонк" тааллуқ доранд, аҳвол ҳамин аст, афзуд ӯ.

Вақте вазнаш 150 кило асту маошаш 700 ва ҷойи хӯрокхӯриаш ресторан...

Аммо ба гуфтаи кишовардор, ин мушкилиҳо пеш аз ҳама аз камбудии роҳбарони бонкҳост. "Зеро худи онҳо дар ин корҳо даст доранд".

Эмомалӣ Раҳмон аз маоши ночизу маишати бомаззаи кормандони бонк низ ёдрас шуд ва ишора кард, ки онҳо барои ба ресторан рафтан аз куҷо маблағ меёбанд.

"Бонкҳои "Амонатбанк" меравед, дар шаҳру ноҳияҳо, ки шиштааст, коргаре, ки 700-800 сомонӣ маош мегирад, аммо маблағҳоро бо ҳар роҳ аз худ мекунад. Ин ҳолат аз бонки миллӣ, вазорати молия ва кумитаи гумруку андоз сар карда, ба назар мерасад. Вақте як ҷавони бузбала 150 кило вазн дорад, ман боварӣ дорам, ки 700 сомонӣ якҳафтаина хӯрокаш дар ошхона намешавад, аммо вай ошхона намеравад, ресторан меравад" - ёдрас шуд раисҷумҳур.

Рахмон Юсуф Ахмадзод генеральный прокурор РТ, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Прокурори генералӣ, вазири молия ва раиси Бонки миллӣ дар назди Раҳмон гузориш доданд

Занҳоро ба кор гиред, мисли мардҳо ғорат намекунанд

Раисҷумҳур байни суханрониаш ёдрас шуд, ки аслан бонкҳову вазорати молияву кумитаи гумрук ҷойи кор барои занон аст. Ӯ таъкид дошт, ки онҳо боинсофтаранд. Ба гуфтаи ӯ, ҳукумат чунин иқдомро аллакай таҷриба кардааст.

"Ман супориш дода будам, ки аз ҳисоби бонуҳо дар сохторҳои низомӣ мудирони анбор, сарошпазҳо  таъин карда шавад. Дар натиҷа, дар ин соҳа сатҳи коррупсия 50 - 60 фоиз кам шуд.  Зан-модар аст, пеш аз дуздидан, фарзандонаш ба назар мерасад", - гуфт Эмомалӣ Раҳмон ва изҳори нигаронӣ кард, ки масъулин ҳатто ҳаққи ҳалоли сарбозон - хӯрокаи онҳоро медузданд.

Дар дасти мардум маблағи калон асту ба президент занг задан осон...

Президент ишора намуд, ки роҳбарони бонкҳо бо мардум кор намекунанд. Шаҳрвандон бошанд, бинобар беэътиноӣ маблағҳояшонро дар бонк намегузоранд.

"Ягон роҳбари банк, ягон роҳбари филиалҳои бонкҳо ба назди мардум ё соҳибкор намеравад. Дар дасти мардум бениҳоят маблағ калон аст, аммо ба бонк намегузорад, зеро боварӣ надорад", - таъкид дошт ӯ.

Бо вуҷуди ин, дар фаъолияти тамоми бонкҳо, аз саҳҳомӣ то давлатӣ, муносибати бениҳоят дағалонаи коргарон бо муштариён ба назар мерасад, афзуд вай.

"Ман арзу шикояти мардумро бениҳоят зиёд мегирам. Намедонанд роҳбарони бонкҳо. Онҳоро ҳатто кормандонашон намешиносанд. Раисони бонк телефоношонро намебардоранд ва арзу шикояти мардумро гӯш намекунанд. Ба президент занг задан ва ба наздаш даромадан осон аст, лекин касе ба назди роҳбари бонк даромадаву арзу шикояташро гуфта наметавонад", - қайд кард Эмомалӣ Раҳмон.

Лентаи хабарҳо
0