Назарбоев барои таҷлили ҷашни Ғалаба ба Маскав омад

© Sputnik / Дмитрий Астахов / Гузариш ба медиабонкПрезидент РФ В. Путин, премьер-министр РФ Д. Медведев и первый президент Казахстана Нурсултан Назарбаев
Президент РФ В. Путин, премьер-министр РФ Д. Медведев и первый президент Казахстана Нурсултан Назарбаев - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Нурсултон Назарбоев, собиқ раисҷумҳури Қазоқистон дар майдони сурх дар саҳнаи асосие, ки Владимир Путин қарор дошт ҳамроҳ ҳузур дошт ва ҳамроҳ бо куҳансолони Ҷанги Бузурги Ватанӣ ва дигар мақомдорони Русия дар маросими гузшти низомӣ иштирок кард

ДУШАНБЕ,  9 мая  — Sputnik.  Нурсултон Назарбоев нахустин раисҷумҳури Қазоқистон барои иштирок дар гузашти низомӣ ба Маскав омадааст.

Назарбаев пустил слезу на съезде Nur Otan - Sputnik Тоҷикистон
Ашкрезии Назарбоев ва хандаи Тоқаев дар ҷамъбасти ҷаласаи ҳизбӣ - видео

Дар майдони сурхи Маскав Нурсултон Назарбоев дар саҳнаи асосӣ ҳамроҳ бо Владимир Путин, раисҷумҳури Русия ва Дмитрий Медведев, нахуствазири ин кишвар ҳузур дошт.

Субҳи имрӯз гузашти низомӣ ба муносибати ҷашни 74-умин солгарди Ғалаба дар Чанги Бузурги Ватанӣ санаи 9-уми май дар майдони сурхи шаҳри Маскав баргузор шуд.

Дар чорабинӣ сарони кишварҳои хориҷӣ низ иштирок доранд. Дар гузашти низомӣ бештар аз 13 ҳазор низомӣ ва 132 яроқ ва техникаи ҳарбӣ ҷалб карда шудааст.

Имшаб соати 22:00 (бо вақти Макав)  дар 28 шаҳри Русия оташбозӣ мешавад. Соати 15:00 чорабинии "Ҳанги ҷовидон" сар мешавад, ки дар он тоҷикон низ иштирок мекунанд.

Нахустин бор тоҷикони Маскав соли 2016 ба аксияи "Ҳанги ҷовидон" ҳамроҳ шуда буданд.

Лентаи хабарҳо
0