ДУШАНБЕ, 9 май — Sputnik. Ба муносибати Рӯзи Пирӯзӣ бо қарори раиси вилояти Хатлон ба 86 нафар иштирокчиёну маъюбони Ҷанги дуюми ҷаҳонии вилоят кумаки яквақтаинаи молиявӣ тақдим гардид, хабар медиҳад равобити умумии мақомоти вилояти Хатлон.
"Дар асоси ин қарор 129000 сомонӣ ҷудо гардид, ки аз тарафи намояндагони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон ба ҳар кадом собиқадорони ҷанг 1500 сомонӣ дастрас карда шуд",-омадааст дар хабарнома.
Ҳамчунин бахшида ба ин рӯз кормандони Муассисаи давлатии «Китобхонаи оммавии вилояти Хатлон ба номи Садриддин Айнӣ дар шаҳри Кӯлоб» дар ҳамкорӣ бо хонандагон ва омӯзгорони Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №40 вохӯрии хонандагонро бо ҷанговарони башардӯст таҳти унвони «Ёде аз гузашта» баргузор намуданд.
Бино ба иттилои манбаъ, дар вохӯрӣ иштирокдорон аз хотироти хеш ёдовар гашта, барои баргузории чунин ҳамоиши гарм изҳори миннатдорӣ намудаанд.
Саодат Абдуллоева, муовини директори Муассисаи давлатии «Китобхонаи оммавии вилояти Хатлон ба номи Садриддин Айнӣ дар шаҳри Кӯлоб» меҳмонон, омӯзгорон ва хонандагонро бо санаи муҳими таърихӣ- Рӯзи Ғалаба табрик гуфт. Дар фарҷом меҳмонон бо туҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ гардиданд.