ДУШАНБЕ, 9 май — Sputnik. Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании Тоҷикистон, дар ҳамбастагӣ бо Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон ва Созмони байналмилалии “Ҳамсоягии дӯстона” (Добрососедство), ТВ “Бахористон” озмуни беҳтарин наққошиҳои кӯдаконаи “Олам дар чашми атфол, бе ҳолатҳои фавқулода ва ҳодисаҳо” баргузор хоҳад кард.
Бино бар иттилои манбаъ, ба озмун расмҳо дар мавзӯъҳои гуногунрангии ҳолатҳои фавқулода ва пешгирии онҳо, нақзи қоидаҳои бехатарӣ ва оқибатҳои он ва наҷоти одамон аз ҷониби наҷотдиҳандагони КҲФ қабул карда мешаванд.
Масъулини Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда таъкид намудаанд, ки дар озмун метавонанд кӯдакони аз 5 то 17 – сола ширкат намоянд. Офаридаҳои наққошии бачаҳо то 20 майи соли равон қабул карда мешаванд.
“Расмҳо бо истифода аз ҳар воситаи тасвирӣ метавонанд кашида шуда бошанд: бо рангҳо, қалам, фломастер ё бурҳои ранга. Ин ҷо муҳим тахайюли эҷодист”, - қайд намудааст манбаъ.
Дар ҳамин ҳол Кумта эълон намудааст, ки ғолибони озмун соҳиби ҷоизаҳои хотиравӣ хоҳанд шуд ва беҳтарин офаридаҳо аз тариқи ТВ “Баҳористон” намоиш дода мешаванд.