ДУШАНБЕ, 8 май — Sputnik. Тибқи иттилои дафтари матбуоти Кремл, дар паёми шодбошии Путин таъкид шудааст, ки дар Рӯзи Ғалаба мо бо миннатдорӣ аз қаҳрамонии бесобиқаи ҳамватанонамон ёд мекунем, ки озодии хоки Ватанро ҳифз карданду ҷаҳонро аз зӯргӯии фашистӣ наҷот доданд.
“Мо қаҳрамонҳоеро, ки дар майдони ҷанг бо истиллогарон фидокорона мубориза мебурданд ва дар ақибгоҳ меҳнат намуданд, қадр мекунем. Вазифаи муштараки мо – пос доштани хотири муқаддаси қаҳрамониҳо ва қурбониҳои бешумор, ғамхорию муроқибат аз собиқадорони ҶБВ мебошад”, - таъкид кардааст Путин дар паёми шодбошияш.
Раисиҷумҳури Русия ба ҳамаи собиқадорони ҶБВ ва меҳнаткашони ақибгоҳ миннатдорӣ баён карда, саломатӣ ва умри дарозро таманно кардааст.
Тибқи иттилои Крем, Путин ҳамчунин ба раисиҷумҳурони Арманистон, Озарбойҷон, Белорусия, Қазоқистон, Қирғизистон, Молдова, Туркманистон, Узбакистон, Абхазистон, Осетияи Ҷанубӣ ва инчунин мардуми Гурҷистону Украина ба муносибати 74-умин солгарди Ғалаба дар ҶБВ паёми шодбошӣ фиристодааст.
Қаблан дафтари матбуоти Ҳукумати Русия хабар дод, ки нахуствазир Дмитрий Медведев ҳамтои тоҷикистонияш, Қоҳир Расулзодаро бо 74-умин солгарди Ғалаба дар ҶБВ шодбош гуфт, қаҳрамонию фидокории бемисли онҳоро зикр кард.
Медведев изҳори боварӣ кардааст, ки "бародариву дӯстии мардумони мо, ки дар даврони ҷанги мудҳиш мустаҳкам шудааст, дар оянда ҳамчун асоси муҳим дар муносибатҳои ҳамаҷониба ва ҳамкориҳои стратегӣ хизмат хоҳад кард".