Хукхона дар лаби Сир: шикояти сокинон аз бӯйи баду рехтани ахлоти ҳайвон ба дарё - Видео

© Sputnik / Виталий Тимкив / Гузариш ба медиабонкСвинья в стойле, архивное фото
Свинья в стойле, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Ба гуфтаи сокинон, як маҳалла аз бӯйи бади фермаи хукпарварӣ дар соҳили дарёи Сир ба дод омадаанд, аммо ба додашон касе намерасад

ДУШАНБЕ, 8 мая — Sputnik. Сокинони як маҳалла дар вилояти Суғд аз бӯйи бади фермаи хукпарварие  ба дод омадаанд, аммо ба гуфтаи онҳо, ба шикояташон касе гӯш намедиҳад.

Дар Фейсбук, гурӯҳи Ахбор барои афкор дар бораи "Хукхона дар лаби дарёи Сир" гузорише пахш шудааст. Дар он аз шикояти як сокини вилояти Суғд аз фермаи хукпарварӣ дар соҳили дарёи Сир гуфта мешавад.

Бино бар иттилои муаллифи гузориш, ӯ ҳангоми сафар ба Суғд - атрофи шаҳри Хуҷанд шоҳиди манзараи ифлосе дар лаби дарё шудааст.

Ба гуфтаи вай, дар деҳаи Сартӯқай, ки дар 12-километрии шаҳри Хуҷанд ҷойгир шудасту (бархе гуфтаанд, ки он ҷо деҳаи Учбоғи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров аст), дар соҳили дарёи Сир аст,  бӯйи баде аз фермаи хукпарварӣ боиси ташвиши мардум гаштааст.

Онҳо на танҳо аз бӯйи бад нигаронанд, балки оби дарёи назди маҳаллаашон низ аз партови хукхона ифлос мешудааст.

"Онҷо марде ба назди мо омада, моро ба ферма бурд. Гап сари он, ки афзун бар бӯйи бад, ахлоту пешобу хуни ҳайвонот рост ба дарё ҷорӣ мешуд. Оё касе андеша намекунад, ки оби Сирро мардум менӯшанд", - нигарон мешавад муаллиф.

Ба гуфтаи сокинон, онҳо аз ин қазия борҳо шикоят бурдаанд, аммо касе ба додашон нарасидааст.

Мардуми маҳалла бо расонаӣ кардани ҳолати мазкур, изҳори умедворӣ мекунанд, ки мақомот чораи қазияи мазкурро меандешанд.

Лентаи хабарҳо
0