Дар бозор: як ҳазор рубл гирифту 825 сомонӣ ҷарима шуд

© Sputnik / Константин Чалабов / Гузариш ба медиабонкПроверка на подлинность купюр номиналом в одну тысячу рублей. Архивное фото
Проверка на подлинность купюр номиналом в одну тысячу рублей. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Додгоҳи ноҳияи Фархор Сайолим Ваҳобовро барои гирифтани 1000 рубл дар бозор 825 сомонӣ ҷарима баст

ДУШАНБЕ, 8 май — Sputnik. Дар ин бора Додситонии кулли Тоҷикистон хабар дода, афзудааст, ки Ваҳобов 1 ҳазор рублро дар бозор ҳамчун воситаи пардохт қабул кардааст, ки хилофи қонунгузорӣ мебошад.

Вывеска на здании Налогового комитета при правительстве РТ. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Озмун: Кумитаи андоз барои 102 мансаби холӣ соҳиб меҷӯяд

“Ваҳобов Сайолим Сайшарифович, санаи таваллудаш 05 сентябри соли 1987, сокини ноҳияи Фархор, ҷамоати деҳоти Меҳнатобод, деҳаи Навобод, 31 январи соли 2019 дар бозори Панҷшанбеи ҷамоати деҳоти 20-солагии Истиқлолияти Тоҷикистон, ҳангоми муомилоти ғайриқонунӣ бо асъори хориҷӣ - гирифтани  маблағи 1000 рубли русӣ ҳамчун воситаи пардохт ошкор карда шуд”, - омадааст дар иттилоияи Додситонии кулли Тоҷикистон.

Манбаъ афзуд,  нисбати Ваҳобов бар асоси моддаи 541-и Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Тоҷикистон, барои муомилоти ғайриқонунӣ бо асъори хориҷӣ парванда боз шуда, барои баррасӣ ба додгоҳ ирсол шуд.

Эмомали Рахмон на заседании правительства Республики Таджикистан - Sputnik Тоҷикистон
Ҳабс камтар мешавад? супориши Эмомалӣ Раҳмон ба ёрдамчияш

Додгоҳи ноҳияи Фархор дар пайи баррасии қазия Ваҳобов Сайолим Сайшарифовичро ба андозаи 15 нишондиҳанда барои ҳисобҳо, баробар ба 825 сомонӣ ҷарима бастаст.

Тибқи иттилои Бонки миллии Тоҷикистон имрӯз қурби фурӯши як рубли русӣ дар муассисаҳои молии кишвар аз 0,1447 то 0,1465 сомонӣ муқаррар шудааст.

БМТ ҳушдор додааст, ки берун аз идораҳои бонкҳо ва банкомату терминалҳо анҷом додани амалиёти мубодилавӣ қатъиян манъ буда, нақзи ин муқаррарот ҷавобгарии маъмурӣ ва ҷиноӣ дар пай дорад.

Лентаи хабарҳо
0