ВУД:  ошкор шудани шахсияти 7 ронандаи маст ва қоидавайронкунии 879 пиёдагард

© УМВД по городу ДушанбеЗадержание водителя который оскорбил сотрудника БДА в Душанбе
Задержание водителя который оскорбил сотрудника  БДА в Душанбе - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Тайи як ҳафта дар шаҳри Душанбе ҳамагӣ 4132 ҳолати қоидавайронкунии ҳаракат дар роҳ ошкор ва нисбати қоидавайронкунандагон маводҳои маъмурӣ тартиб дода шуд

ДУШАНБЕ, 7 май — Sputnik. Дар натиҷаи баргузории амалинамоии маҷмӯи чорабиниҳои мақсаднок давоми ҳафтаи сипаришуда, дар ҳудуди шаҳри Душанбе ҳамагӣ 4132 адад қоидавайронкуниҳои ҳаракат дар роҳ ошкор ва нисбати ронандагону дигар иштирокчиёни ҳаракат дар роҳ маводҳои маъмурӣ тартиб дода шудааст, иттилоъ додааст дафтари матбуотии Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон.

Машина милиции в Таджикистане, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
ВУД: 4934 ҳолати қоидавайронкунӣ ва 8 ронандаи маст дар як ҳафта дар ҳудуди Душанбе  

Аз ҷумла:

-Идора намудани воситаи нақлиёт дар ҳолати мастӣ – 7 адад;

-Бе рақами қайди давлатӣ – 9 адад;

-Баланд намудани суръати ҳаракати воситаи нақлиёт аз меъёри муқарраршуда – 136 адад;

-Истифода бурдани телефони мобилӣ ҳангоми идора намудани воситаи нақлиёт – 101 адад;

-Итоат накардан ба талаботи чароғаки роҳнамо – 27 адад;

-Итоат накардан ба талаботи қонунии корманди милитсия оид ба манъ кардани воситаи нақлиёт – 11 адад;

-Вайрон намудани қоидаҳои сабқат, манёвркунӣ – 63 адад;

-Худсарона баромадан аз хати сайр – 44 адад;

-Нагузаронидани воситаи нақлиёт аз муоинаи техникӣ –122 адад;

-Вазъияти хавфнок – 9 адад;

-Аз меъёри муқаррарӣ зиёд савор намудани мусофирон – 328 адад;

-Риоя накардани Қоидаҳои ҳаракат дар роҳ аз ҷониби пиёдагардон – 879 адад;

Кадр из программы МВД Сипар - Sputnik Тоҷикистон
Зани ронандаи маст ҷавони 35-соларо кушт ва аз ҷойи ҳодиса ғайб зад (НАВОР)

-Ба ҷаримагоҳ дастрас карда шуд – 30 адад;

-Дигар намуди ҳуқуқвайронкуниҳо – 1547 адад;

Мавриди зикр аст, ки дағалтарин қоидавайронкунии ҳаракат дар роҳ ин идора намудани воситаи нақлиёт дар ҳолати мастӣ аст ва гарчанде ҷазо барои чунин ронандагон вазнинтар гардидааст вале мутаассифона ҳастанд берхе нафароне ки талаботи қонуни амалкунандаро нодида гирифта, ба қоидавайронкунии роҳ медиҳанд.

Ҳафтаи сипаришуда низ аз ҷониби нозирони роҳ дар ҳудуди роҳҳои нақлиётгарди шаҳри Душанбе 7 ҳолати идора намудани воситаи нақлиёт дар ҳолати мастӣ ошкору муайян карда шуда, нисбати ронандагон парвандаҳои маъмурӣ тартиб дода шудааст.

Инҳо:

Ҷобирзода Беҳрӯзҷони Файзиддин – ронандаи автомашинаи тамғаи Хундай, рақами қайди давлатиаш 7747 ТТ 05

Юсупов Маҳмадулло Маҳмудович - ронандаи автомашинаи тамғаи Хундай, рақами қайди давлатиаш 7356 ТТ 05

Тошмаҳмадов Эраҷ Ҳотамович – ронандаи автомашинаи тамғаи Шевролет, рақами қайди давлатиаш 1221 СК 01

© МВД РТТошмаҳмадов Эраҷ Ҳотамович – ронандаи автомашинаи тамғаи Шевролет, рақами қайди давлатиаш 1221 СК 01
ВУД:  ошкор шудани шахсияти 7 ронандаи маст ва қоидавайронкунии 879 пиёдагард - Sputnik Тоҷикистон
Тошмаҳмадов Эраҷ Ҳотамович – ронандаи автомашинаи тамғаи Шевролет, рақами қайди давлатиаш 1221 СК 01

Валиев Абдуҷаббор Назруллоевич – ронандаи автомашинаи тамғаи Опел-Астра, рақами қайди давлатиаш 4838 РР 01

Шарипов Муҳиддин Саидович – ронандаи автомашинаи тамғаи Опел-Астра, рақами қайди давлатиаш 9776 ВХ 01

Ашуров Умедҷон – ронандаи автомашинаи тамғаи Мерседес, рақами қайди давлатиаш 0847 НН 01

Ҳайдаров Шаҳбоз Бахтиёрович – ронандаи автомашинаи тамғаи Ваз-21014

© МВД РТҲайдаров Шаҳбоз Бахтиёрович – ронандаи автомашинаи тамғаи Ваз-21014
ВУД:  ошкор шудани шахсияти 7 ронандаи маст ва қоидавайронкунии 879 пиёдагард - Sputnik Тоҷикистон
Ҳайдаров Шаҳбоз Бахтиёрович – ронандаи автомашинаи тамғаи Ваз-21014
Лентаи хабарҳо
0