Дар Хоруғ соҳибкори ҷавоне аз Шуғнон аввалин меҳмонхонаи панҷошёна сохт

© Пресс-служба Президента Республики ТаджикистанЭмомали Рахмон сдал в эксплуатацию новое современное здание гостиницы в Яванском районе
Эмомали Рахмон сдал в эксплуатацию новое современное здание гостиницы в Яванском районе - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Шаҳбози Шозодаалишоҳ тасмим гирифтааст, ки дар дохили меҳмонхона утоқи намоиш ва мағозаи фурӯши ҳунарҳои мардумӣ таъсис дода, ба ин восита дар муаррифии ҳунарҳои дастии ҳунармандони вилоят саҳм гузорад

ДУШАНБЕ, 7 май — Sputnik. Бо ибтикори соҳибкори ҷавоне аз ноҳияи Шуғнон дар Хоруғ аввалин меҳмонхонаи панҷошёна ифтитоҳ шуд, харбар  медиҳад АМИТ "Ховар".

Бино бар иттилои манбаъ, соҳибкор Шаҳзод Шозодаалишоҳ дар маркази шаҳри Хоруғ меҳмонхонаро бо сифати баланд ва бо тарзи замонавӣ бунёд кардааст.

"Маблағи умумии сохтмони  меҳмонхона 15 миллион сомониро ташкил дода, он пурра аз ҳисоби даромади  соҳибкор бунёд гардид. Баъди мавриди истифода қарор гирифтани меҳмонхона 30 нафар сокинони маҳаллӣ бо ҷойи кори доимӣ ва маоши хуб таъмин гардиданд", - менависад манбаъ.

Пластиковый пакет на улице - Sputnik Тоҷикистон
"Соҳили пок": ризокорони Хоруғ соҳили дарёҳои Ғунду Роштқалъаро тоза карданд

Дар ошёнаи якуми меҳмонхона тарабхона ва қаҳвахона ҷойгир буда, барои мизоҷон мувофиқи табъ таомҳои миллию аврупоӣ омода карда мешаванд. Соҳибкор Шаҳбози Шозодаалишоҳ тасмим гирифтааст, ки дар доираи эълони Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ  дар дохили меҳмонхона утоқи намоиш ва мағозаи фурӯши ҳунарҳои мардумӣ таъсис дода, ба ин восита дар муаррифии ҳунарҳои дастии ҳунармандони вилоят саҳм гузорад.

Дар дохили меҳмонхона 7 намуди ҳуҷраи хоб ҷойгир буда, мизоҷон метавонанд интихобан аз онҳо истифода баранд. Ба  интихоби кормандон дар меҳмонхонаи мазкур диққати ҷиддӣ  равона гардида, барои дар сатҳи баланд ба роҳ мондани хизматрасонӣ мутахассисоне, ки дар кори меҳмонхонадорӣ таҷриба доранд, ба кор ҷалб гардидаанд.

Раиси вилояти мухтори Кӯҳистони Бадахшон Ёгор Файзов аз меҳмонхонаи навбунёд дидан кардааст.

Лентаи хабарҳо
0