ДУШАНБЕ, 7 май — Sputnik. Дар Бохтар дари чор дорухонаро муваққатан, то ислоҳи камбудиҳо бастанд, хабар медиҳад дафтари матбуоти ҳукумати вилояти Хатлон.
Бино бар иттилои манбаъ, чанде пеш, Сарраёсати Хадамоти назорати давлатии тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ дар вилояти Хатлон дар шаҳри Бохтар як қисм дорухонаҳоро аз санҷиш гузаронд.
"Чуноне аз маркази матбуотии Сарраёсати номбурда хабар доданд аз ҳисоби мутахассисон як гурӯҳи кори ташкил карда шуда, баҳри гузаронидани санҷиши фаврӣ дар дорухонаҳои шаҳри Бохтар равона карда шуд", - менависад дафтари матбуотӣ.
Дар рафти санҷиш мутахассисони Сарраёсат камбудиҳои зиёдеро ошкор кардаанд. Аз ҷумла маводҳои дорувории муҳлати истифодабариашон гузашта, бесертификат ва вайрон кардани қоидаҳои ҳуҷҷатгузорию иҷозатномагириро ба қайд гирифтаанд.
Аз натиҷаи санҷиши гузаронидашуда нисбати 5 нафар протоколҳои маъмурӣ тартиб дода шуда, чор адад дорухонаҳо дар атрофи бозори марказии “Фаровон” –и шаҳри Бохтар бинобар ба талабот ҷавобгӯ набуданашон то ислоҳи камбудиҳо баста шудаанд.