"Афсонаҳои Гулсифат бибиҷон" бо се забон: китоб дар Душанбе муаррифӣ шуд

© Сайт фестиваля OECABFГульсифат Шахиди на IV Международном литературном фестивале Open Eurasia and Central Asia Book Forum & Literature Festival — 2015
Гульсифат Шахиди на IV Международном литературном фестивале Open Eurasia and Central Asia Book Forum & Literature Festival — 2015 - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Гулсифат Шаҳидӣ, нависандаи тоҷики муқими Русия аст. Ӯ гуфтааст, ки мехоҳад, хонандагонаш бештар тоҷикзабонон бошанд.

ДУШАНБЕ, 7 май — Sputnik. Дар Китобхонаи давлатии бачагонаи ҷумҳуриявии ба номи Мирсаид  Миршакар муаррифии китоби Гулсифат Шаҳидӣ бо номи «Афсонаҳои Гулсифат бибиҷон» баргузор гардид.

Дар ин бора равобити умумии Вазорати фарҳанги Тоҷикистон. 

Ба иттилои манбаъ, дар чорабинӣ хонандагони хурдсол аз мактабҳои таҳсилоти миёнаи умумии шаҳр ва кӯдакистонҳо, адибон ва рӯзноманигорон ширкат намуданд. 

Библиотека - Sputnik Тоҷикистон
"Бе ситора нестам": нашри китоби нави Зулфия Атоӣ

"Кӯдакони фаъол бо навбат ба саҳна баромада, аз китоб афсона хонданд ва соҳиби тӯҳфа-китобчаи нав ва асбобҳои хониш гаштанд",-омадааст дар хабарнома. 

Гулсифат Шаҳидӣ, нависандаи тоҷики муқими Русия аст. Ӯ гуфтааст, ки мехоҳад, хонандагонаш бештар тоҷикзабонон бошанд.

Соли 2017 маҷмӯаи «Афсонаҳои Гулсифат бибиҷон» дар Лондон дар номинатсияи «Муаллифи сол» ғолиб гардида буд.

Муаллиф то имрӯз зиёда аз 10 китоб дар жанрҳои гуногун навишта, 16 китоб бо забонҳои русӣ, тоҷикӣ ва англисӣ ба табъ расонидааст.
Китобчаи «Афсонаҳои Гулсифат бибиҷон» низ бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ интишор ёфтааст.

Лентаи хабарҳо
0