Ҳалокати пиёдагардони ноболиғ ва солхӯрдаи шахсияташ номаълум дар рӯзи якшанбе

© Sputnik / Александр Кряжев / Гузариш ба медиабонкДорожный знак пешеходный переход, архивное фото
Дорожный знак пешеходный переход, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Вазорати умури дохилии Тоҷикистон иттилоъ додааст, ки рӯзи якшанбеи 5 май дар дар садамаҳо пиёдагардони ноболиғу солхӯрда ҳалокат расидаанд

ДУШАНБЕ, 6 май — Sputnik. Тибқи иттилои ВУД, 5-уми майи соли 2019, тахминан соатҳои 12:00, ронандаи автомашинаи тамғаи “Опел-Вектра”, Хуршеди Даврон, сокини 25-солаи деҳаи Файзободи ноҳияи Рӯдакӣ пиёдагарди ноболиғро зер кардааст.

Родственники и близкие пассажиров самолета Sukhoi Superjet-100 - Sputnik Тоҷикистон
Қурбонбекзода ва Искандаров Наврӯз: нашри рӯйхати ҳалокшудагон дар Шереметово - видео

“Хуршеди Даврон, ронандаи “Опел-Вектра”, ҳангоми ҳаракат дар шоҳроҳи Ваҳдат-Душанбе, дар ҳудуди ноҳияи Рӯдакӣ аз ӯҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, ноболиғ Воҳидҷони Абдусамад, соли таваллудаш 2007, сокини деҳаи Тезгари Поёнро пахш намудааст”, - омадааст дар иттилоия.  

Манбаъ афзуд, ки дар натиҷа Воҳидҷони Абдусамад дар беморхона ба ҳалокат расидааст.

Ба иттилои ВУД, садамаи дигари маргбор, ки бо ҳалокати пиёдагард анҷомид, 5-уми майи соли 2019, тахминан соати 02:20 дар ҳудуди шаҳри Истаравшан рух дод.

ДТП, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Бархӯрди маргбор дар деҳаи Сешанбе ду куштаю 4 маҷруҳ барҷой гузошт

“Ронандаи автомашинаи тамғаи “Опел-Астра”, Қодиров Ғайбуллобек Нуруллоевич, соли таваллудаш 1986, сокини деҳаи Яккатол, ҳангоми ҳаракат дар шоҳроҳи “Душанбе-Хуҷанд-Чаноқ” дар ҳудуди шаҳри Истаравшан, аз ӯҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, пиёдагарди шахсияташ номаълум, ҷинсаш мард, тахминан 55-60-сола, миллаташ таҳҷоиро пахш намудааст”, - омадааст дар иттилоияи ВУД.

Ин ниҳод таъкид кард, ки пиёдагард дар беморхона ба ҳалокат расида, феълан чорабиниҳо барои муайян намудани шахсияти марҳум идома доранд.

Лентаи хабарҳо
0