ДУШАНБЕ, 6 май — Sputnik. Намояндаи қаҳрамони UFC Ҳабиб Нурмуҳаммадов-Алӣ Абдулазиз дар бораи нақшаҳои варзишкор дар соли равон ба ESPN нақл кард.
"Ӯ ба ман дастурҳои вижа дод. Ӯ гуфт мехоҳад 7 сентябр ва моҳи декабр ба майдон барояд. Агар Ҷорҷ Сент-Пер мушкилашро бо UFC ҳал кунад, як таниши дигар моҳи апрел баргузор хоҳем кард. Ӯ мехоҳад моҳи апрел ба мубориза барояд",-гуфт Абдулазиз.
Пештар Ҳабиб гуфта буд, ки моҳи сентябр ба шарте ба майдон мебарояд, агар Зубайр Тухугов ва Абубакр Нурмуҳаммадов, ки бо айби ӯ аз ширкат дар муҳорибаҳо маҳрум шуданд, пеш аз ӯ ба майдон бароянд.
Ёдовар мешавем, ки моҳи октябри соли гузашта Ҳабиб Нурмуҳаммадов Конор Макгрегорро мағлуб кард.
Дар айни замон Ҳабиб давраи маҳрумият аз ширкат дар муҳорибаҳоро паси сар мекунад. Ӯ пас аз рақобат бо Конор Макгрегор аз ширкат дар сабқатҳо маҳрум шуд.
Ҳабиб Нурмуҳаммедовро дар паи ин муноқиша, аз камарбанди қаҳрамонӣ маҳрум накарданд, аммо 250 ҳазор доллар ҷарима намуданд.
Комиссияи иёлати Невадаи Амрико, Ҳабиб Нурмуҳаммедов ва Конор Макгрегорро барои ҷанҷол аз ҳаққи ширкат дар бозиҳо маҳрум кард.
Қарори вижаро Комиссияи иёлати Невада (NSAC) қабул кард.
Нурмуҳаммедов аз ҳуқуқи ширкат дар бозиҳо ба мӯҳати 9 моҳ ва Конор 6 моҳ, Ҳабиб ба 500 ҳазор доллар ва Макгрегор ба 50 ҳазор доллар ҷарима шудаанд.
Ба гуфти падари Ҳабиб, варзишкор фаъолияташро пас аз рақобат бо Ҷорҷ Сен-Пери канадагӣ, Тони Фергюсони амрикоӣ ва Флойдом Мэйуэзер хотима медиҳад.