ДУШАНБЕ, 6 май — Sputnik. Дар қароргоҳи СММ намояндаи доимии Тоҷикистон дар СММ Маҳмадамин Маҳмадаминов дар мулоқоти Кумитаи 1540-и Шӯрои Амнияти СММ оид ба муаррифии натиҷаҳои силсила-мулоқотҳои сеҷонибаи назарсанҷӣ байни Тоҷикистон, Қирғизистон ва Беларус иштирок ва суханронӣ намуд.
Дар ин бора равобити умумии Вазорати корҳои хориҷӣ хабар медиҳад.
Гуфта мешавад, ки мулоқоти мазкур яке аз аввалин муаррифиҳо талошҳои муштараки кишварҳои аъзо аз минтақаи мо дар самти татбиқи қатъномаи 1540-и Шӯрои Амнияти СММ маҳсуб меёбад.
Ҷаласаи намояндагони 55 кишвар дар СММ таҳти раёсати Тоҷикистон
"Ташаббуси мазкур мавриди ҷонибдории намояндагони кишварҳои аъзои Шӯрои Амнияти СММ қарор гирифт",-омадааст дар хабарнома.
Намояндаи доимии Тоҷикистон дар СММ гуфт, ки силсила-мулоқотҳои сеҷонибаи назарсанҷӣ ба густариши ҳамкориҳои минтақавӣ ва коркарди тадбирҳои муштарак ҷиҳати баррасии таҳдиди паҳншавии силоҳҳои куштори ҷамъии ҳастаӣ, кимиёвӣ ва биологии дар минтақа мусоидат намудаанд.