Калашников гуфт, хоҳиши Раҳмон хурсандиовар аст, аммо ҳоло иҷро кардан наметавонем - видео

© Sputnik / Владимир Федоренко / Гузариш ба медиабонкЛеонид Калашников, архивное фото
Леонид Калашников, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Леонид Калашников, раиси Кумитаи Думаи давлатии Русия дар умури кишварҳои ИДМ гуфт, Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон зимни сафари ахираш хост, Русия омӯзгорони забони русиро ба Тоҷикистон ба маротиб бештар фиристад

ДУШАНБЕ, 6 май — Sputnik. Дар барномаи телевизионии “Воскресный вечер” бо Владимир Соловёв, ки сабти он дар Ютуб нашр шудааст, Калашников Тоҷикистону бархе аз кишварҳои дигарро барои Украина намуна овард, ки барои густариши омӯзишу макотиби русӣ иқдом мекунанд.

Подпись документов - Sputnik Тоҷикистон
Мактабҳои русӣ баъди 2 сол дар 5 шаҳри Тоҷикистон бунёд мегарданд

Раиси Кумитаи Думаи давлатӣ дар умури кишварҳои ИДМ аз қонуни Украина барои маҳдуд кардани таҳсил бо забони русӣ интиқод карда, дар дақиқаи 19-уми барнома аз сафари ахири Эмомалӣ Раҳмон ба Маскав ва мулоқоташон суҳбат намуд.

Ба нақли Калашников, раисиҷумҳури Тоҷикистон теъдоди феълии омӯзгоронро, ки аз Русия ба Тоҷикистон фиристодаанд, кам хонда, хостори ба карат зиёд кардани онҳо шудааст.

“Зимни сафари ахирашон мулоқот доштем. 40 омӯзгорро кам 400 нафарро дархост карданд. Мо ҳоло наметавонем ин миқдорро ироа кунем. Аммо муҳим ин аст, ки дар ин бора мегӯянд, ин моро хушҳол ва водор ба дастгирӣ мекунад”, - изҳор дошт Калашников.

Ӯ афзуд, ҳатто дар Арманистон, ки русҳо камтар аз 1 дарсаданд ва дар Озарбойҷон 400 мактаби русӣ фаъолият доранд.

“Ин раванд пайваста идома дорад. Мо на танҳо хурсандем, балки ҳаматарафа онро дастгирӣ мекунем. Аммо Украина бо роҳи дигар рафта истодааст”, - изҳор дошт раиси Думаи давлатии Русия дар умури кишварҳои ИДМ.

Ин дар ҳолест, ки Русия бо дархости Тоҷикистон тайи ду соли охир омӯзгорони фанҳои гуногун, аз ҷумла забони русиро мефиристад. Инчунин зимни сафари охири Эмомалӣ Раҳмон ба Маскав созиш шуд, ки Русия дар шаҳрҳои гуногуни Тоҷикистон 5 мактаби русиро бунёд мекунад.

Лентаи хабарҳо
0