Имоми Масҷиди ҷомеи Маскав аз рӯзадорӣ дар муҳоҷират то ҳамкорӣ бо муфтиётро шарҳ дод

© Sputnik / Стас ЭтвешИмам Московской соборной мечети Аршабаев Марат - хазрат
Имам Московской соборной мечети Аршабаев Марат - хазрат - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Рӯзадорӣ яке аз панҷ рукни Ислом аст, ки барои ҳамаи мусалмонон воҷиб аст. Дар давоми тамоми моҳ, аз тулӯъ то ғурӯби офтоб, нафари муъмин бояд аз хӯрдан, нӯшидан, тамокукашӣ ва наздикшавии шаҳвонӣ дурӣ ҷӯяд

ДУШАНБЕ, 5 май — Sputnik. Моҳи шарифи Рамазон, имсол аз  6-уми май оғоз шуда, то 4-июн идома мекунад. Агар дар Тоҷикистон давомнокии рӯза 17 соат бошад барои сокинони Маскав вобаста бо тулӯъ ва ғуруби офтоб то 20 соатро ташкил медиҳад.

Верующие  во время праздника Иди Курбон в центральной мечети Душанбе в Таджикистане - Sputnik Тоҷикистон
Эълони оғози Рамазон, пули нисоби закот ва фитри рӯза дар Тоҷикистон

Аммо новобаста аз давомнокии рӯзадорӣ дар Маскав аксари муҳоҷирони меҳнатӣ аз фарорасии моҳи шарифи Рамазон истиқбол мекунанд. Онҳо ният доранд дар ин моҳи шариф қарзи мусалмониашонро ба ҷо биоранд ва ба адои намози таровеҳ ба Масҷид раванд.

Дар моҳи Рамазон мусулмонон аз хӯрдану ошомидан ва корҳои ношоиста дар давоми рӯз худдорӣ мекунанд.

Имоми Масҷиди ҷомеи Маскав Аршабаев Марат мегӯяд нисбатан тӯлонӣ будани рӯзадорӣ дар Маскав, барои мусалмон набояд монеа бошад.

“Новобаста аз онки мусалмон дар кишвари дигар аст, агар ба ӯ саломатиаш имкон диҳад бояд рӯза бигирад. Аз ҷумла онҳое, ки сабабҳои узрнок доранд, масалан беморон, занони ҳомила ва заноне, ки кӯдаки ширхора доранд, пирони барҷомондаву мусофирон метавонанд рӯза нагиранд ва ин фаризаро дар фаслу замони мувофиқ иҷро намоянд”- афзуд имоми Масҷиди ҷомеи Маскав.

Вай инчунин қайд намуд, ки баъд аз солҳои 2000-ум теъдоди намозгузорон дар Масҷид ба маротиб афзоиш ёфтааст. Аксари нафароне, ки имрӯзҳо ба Масҷиди ҷомеъи Маскав меоянд шаҳрвандони Тоҷикистон, Узбакистон, Қирғизистон ва Қазоқистон мебошанд.

“Дар баробари бародарон аз дигар манотиқи Русия ҳузури муҳоҷирони меҳнатӣ аз кишварҳои ҳамсуд дар Масҷид назаррас аст”, - гуфт Аршабаев Марат.

Вай ҳамчунин таъкид кард, ки дар Маскав дар моҳи шарифи Рамазон барои миллатҳои гуногун "Хаймаи Рамазон" ташкил карда мешавад, ки дар он мусалмонони Русия ва кишварҳои ҳамсуд барои адои намоз, шунидани амри маъруф ва ифтор ҷамъ мешаванд.

© Sputnik / Стас ЭтвешМусульмане в Московской соборной Мечети
Имоми Масҷиди ҷомеи Маскав аз рӯзадорӣ дар муҳоҷират то ҳамкорӣ бо муфтиётро шарҳ дод  - Sputnik Тоҷикистон
Мусульмане в Московской соборной Мечети

“Масҷиди ҷомеи Маскав ҳамасола ифтор ташкил мекунад. Бо шарофати бунёди “Закот” дар Масҷиди Шуҳадои шаҳри Маскав ҳамасола рӯзҳои мардумони кишварҳои ҳамсуд ташкил карда мешавад. Дар ин рӯзҳои қирғизҳо, уйғурҳо, тоҷикон узбакҳо ва дигар миллатҳо давоми моҳи шарифи Рамазон ифтор медиҳанд. Ба ин ифторҳо муфтиҳо, олимон, кормандони сафоратхонаҳо ва варзишгарони маъруфи Русияву кишварҳои  дигари ИДМ даъват карда мешаванд. Ҳамин аст, урфу одати фарҳанги тамоми мардуми мусалмон”, - гуфт Аршабаев Марат-ҳазрат.

Вай гуфт, “Хаймаи Рамазон” сол аз сол миёни муҳоҷирони меҳнатӣ ва муфтиҳои кишварҳои ҳамсуд маҳбубият пайдо кардааст. Садҳо тоҷикони рӯзадор дар "Хаймаи Рамазон" барои адои намоз, шунидани амри маъруф ва кушодани рӯза дар назди масҷиди Шуҳадои Маскав ҷамъ мешаванд. Меҳмонони “Хаймаи Рамазон” намози шомро иҷро намуда, сипас якҷоя ифтору суҳбат мекунанд.

© Sputnik / Стас ЭтвешМусульмане в Московской соборной Мечети
Имоми Масҷиди ҷомеи Маскав аз рӯзадорӣ дар муҳоҷират то ҳамкорӣ бо муфтиётро шарҳ дод  - Sputnik Тоҷикистон
Мусульмане в Московской соборной Мечети

Вай афзуд, ки ҳар сол намояндагони муфтиёти Узбакистон, Қазоқистон ва Қирғизистон ба Маскав ба “Хаймаи Рамазон” омада ифтор медиҳанду ҳамроҳ бо ҳамватанони худ намоз мегузоранд.    

“Мо бо муфтиёти кишварҳои ҳамсуд равобити хуб ба роҳ мондаем, аз ҷумла бо муфтиёти Узбакистон, Қазоқистон ва Қирғизистон. Барои мисол соли гузашта дар моҳи шарифи Рамазон муфтии Қазоқистон омада буд ва дар ифтори  “Хаймаи Рамазон” иштирок кард. Аз Тоҷикистон то ҳол муфтӣ наомадааст, аммо имомҳои шаҳрҳо бузург ташриф оварда буданд”,- гуфт Марат.

Вай афзуд, соли гузашта имоми шаҳри Хуҷанд ба Маскав омада буд ва ифторе, ки дар тарабхонаи “Плов Хауз” барои 1000 нафар ташкил карда шуда буд, иштирок намуд.

Рӯзадорӣ яке аз панҷ рукни Ислом аст, ки барои ҳамаи мусалмонон воҷиб мебошад. Дар давоми тамоми моҳ, аз тулӯъ то ғурӯби офтоб, нафари муъмин бояд аз хӯрдан, нӯшидан, тамокукашӣ ва наздикшавии шаҳвонӣ, дурӣ ҷӯяд. Моҳи мубораки Рамазон — вақти намоз, тавба кардан ва рӯй овардан ба сӯи Худованд аст.

© Sputnik / Стас ЭтвешМусульмане в Московской соборной Мечети
Имоми Масҷиди ҷомеи Маскав аз рӯзадорӣ дар муҳоҷират то ҳамкорӣ бо муфтиётро шарҳ дод  - Sputnik Тоҷикистон
Мусульмане в Московской соборной Мечети

Ҳар рӯзи худро мусулмон бояд аз ният оғоз кунад, ки таъйидкунандаи омодагии доштани рӯза аст. Барои беморон, пиронсолон, кӯдакон, занони ҳомиладор ва ҳамаи онҳое, ки шароити сангини доштани рӯза метавонад барои саломатӣ ва зидагияшон хатар эҷод кунад, каме сабукӣ пешбинӣ карда мешавад.   

Интиҳои моҳи Рамазон бо намозгузории умумӣ машҳур аст, ки пас аз он Иди Фитр, ё Иди Рӯза, ки се рӯз давом мекунад, шурӯъ мешавад. Одамон Худовандро шукр мегӯянд, хешовандон ва дӯстони худро меҳмондорӣ мекунанд. 

Саховатмандӣ, аниқтараш додани садақа, шарти ҳатмии Иди Фитр аст.

Лентаи хабарҳо
0