Чанде пеш шоҳи Таиланд Маха Вачиралонгкорн яке аз муҳофизонаш Сутхиде Вачиралонгкорнро ба занӣ гирифт. Онҳо никоҳашонро 1 май дар саломхонаи шоҳи қасри Дусити ба қайд гирифтанд.
Маросими тӯйи шоҳ ва муҳофизаш тибқи қавонин ва анъанаҳои шоҳона баргузор шуд. Ҳамин тавр, Сутхиде пас аз тӯй маликаи Таиланд гардид. Қайд карда мешавад, ки зан аз тамоми имтиёзҳое, ки унвони шоҳӣ ва анъанаҳои подшоҳӣ медиҳанд, бархурдор шудааст.
Маха Вачиралонгкорн 67 сол дорад. Ӯ моҳи октябри соли 2016 ба тахт ништастааст ва аз пиртарин шоҳзодаҳоест, ки ба унвони шоҳӣ соҳиб шуд. Никоҳ бо Сутхида барои шоҳ чорум аст.
Сутхида 41-сола аст. Ӯ пештар дар ширкати ҳавоии Thai Airways меҳмондор буд. Соли 2014 Сутхида роҳбари посбонии хонаводаи шоҳзодаи валиаҳд Маха Вачиралонгкорн таъин гардид ва дертар ба мақомҳои баландтар соҳиб шуд.
Ӯ дар соли 2016 ба унвони генерал соҳиб шуд. Пештар низ дар бораи муносибатҳои зан бо шоҳ овозаҳо паҳн шуда буданд, аммо расман радд мегардиданд.









