Раҳимзода ҷавонони фаъоли "Авангард"-ро қадрдонӣ кард

© акс аз сомонаи ВУД Тоҷикистон Рамазон Раҳимзода, вазири умури дохилӣ дар озмуни “Фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ”
 Рамазон Раҳимзода, вазири умури дохилӣ дар озмуни “Фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ” - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Ҷавонон барои ҳамкориҳои судманд бо ВКД, пешгирии ҳолатҳои шомил шудани ноболиғону ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротгаро ва саҳмгузорӣ дар кори таъмини тартиботи ҷамъиятӣ қадрдонӣ шуданд

ДУШАНБЕ, 4 май – Sputnik. Вазири умури дохилаи Тоҷикистон Рамазон Раҳимзода имрӯз, 4 май бо ҷавонони гурӯҳи "Авангард" ва  курсантони Академияи ВКД мулоқот кардааст.

Вазири умури дохилаи ҶТ Рамазон Раҳимзода - Sputnik Тоҷикистон
Ҳамкорӣ мекунем: мулоқоти Рамазон Раҳимзода бо гурӯҳи ҷавонони "Авангард"

Тавре дафтари матбуоти ВУД хабар медиҳад, дар ин мулоқот сардори Академияи ВКД генерал-майори милитсия Шарифзода Файзалӣ Раҳмоналӣ, сардори Хадамоти пешгирии ҳуқуқвайронкунӣ байни ноболиғон ва ҷавонони ВКД полковники милитсия Фаттозода Абдусаттор Абдуқаҳҳор, муовини сардори Раёсати ҳамкориҳои байналмилалии ВКД полковники милитсия Бухоризода Мансур Ғоиб низ ширкат доштанд.

Гуфта мешавад, дар чорабинӣ вазири умури дохилӣ ва як қатор ҷавонон баромад карданд.

"Бо фармони Вазири корҳои дохилӣ генерал-полковники милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро барои ҳамкориҳои судманд бо ВКД, пешгирии ҳолатҳои шомил шудани ноболиғону ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротгаро ва саҳмгузорӣ дар кори таъмини тартиботи ҷамъиятӣ ба ҷавонони фаъол, Ифтихорномаи фахрӣ ва Сипоснома тақдим гардид", - афзудааст манбаъ.

Дар интиҳои чорабинӣ, баҳри болидахотирии иштирокчиёни он барномаи фарҳангӣ-фароғатии кормандону курсантони Академияи ВКД пешкаш гардида, барои меҳмонон - ҷавонони фаъоли кишвар, дастархони идона ороста шуд.

Лентаи хабарҳо
0