Оё медонистед?: Тоҷикистон дар як шабонарӯз ба хориҷ 11 миллион кВт соат барқ мефурӯшад

© Фото : PixabayТелефонный столб с проводами.
Телефонный столб с проводами. - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Соли гузашта Тоҷикистон беш аз 2,4 миллиард кВт соат барқ тавлид ва аз фурӯши он ҳудуди 77 миллион доллар дарёфт карда буд.

ДУШАНБЕ, 4 май – Sputnik. Тоҷикистон ба кишварҳои ҳамсоя дар як шаборӯз беш аз 11 миллион киловатт соат нерӯи барқ содир мекунад, гузориш медиҳад ТоҷикТА дар истинод ба Вазорати саноати Тоҷикистон.

Бино ба иттилои манбаъ, ду рӯз қабл ба Узбакистон 6,2 миллион кВт, ба Афғонистон 4,5 миллион кВт ва ба Қирғизистон 40 ҳазор кВт барқ содир шудааст.

Бар асоси додаҳои манбаъ, дар ҳоли ҳозир Тоҷикистон вобаста ба обу ҳаво ва тақозот дар як шаборӯз 53-55 миллион киловатт соат барқ тавлид мекунад.

Соли гузашта Тоҷикистон беш аз 2,4 миллиард кВт соат барқ тавлид ва аз фурӯши он ҳудуди 77 миллион доллар дарёфт карда буд.

Ёдовар мешавем, соли гузашта нархи як киловатт барқи содиротӣ барои Узбакистон 2 сент ва барои Афғонистон 4,11 сент буд.

 

 

Лентаи хабарҳо
0