Ба солхӯрдаҳо мушкил: шарҳи дархости ифтитоҳи масҷидҳо ва эҳтимоли кушодашавӣ дар Рамазон

© Sputnik / Александр Полегенько / Гузариш ба медиабонкМусульманин в мечети, архивное фото
Мусульманин в мечети, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Кумитаи дини Тоҷикистон якҷо бо Дастгоҳи иҷроияи раисҷумҳур ифтитоҳи масҷидҳои масдудро баррасӣ мекунанд. Пас аз баста шудани масҷидҳо дар деҳаву ҷамоатҳо асосан солхӯрдаҳо то расидан ба масҷиди деҳаи ҳамсоя мушкилӣ доштанд

ДУШАНБЕ, 3 май – Sputnik. Кумитаи дини Тоҷикистон аз Дастгоҳи иҷроияи раисҷумҳури кишвар дархост кард, ки 594 масҷиди масдудшуда дубора ба кор дароянд. Дар ин бора расонаҳои Тоҷикистон хабар додаанд.

Рӯйхати масҷидҳои басташударо кумита ба дастгоҳ ирсол кардааст.

"Дар рӯйхат асосан номи масҷидҳое омадааст, ки дар ҷамоат ва қишлоқҳои дурдаст ҷойгир шудаанд. Дар ин ҷойҳо сокинон барои адои намоз маҷбур мешаванд, ки ба деҳа ё ҷамоати дигар раванд, ки хусусан барои солхӯраҳо мушкил аст", - омадааст дар иттилои манобеъ.

Празднование Рамазана в Душанбе - Sputnik Тоҷикистон
Баҳром Иноятзода раиси шаҳри Истаравшан: касе аз масҷид бо фикри солим набаромадааст

Қайд карда мешавад, ки феълан феҳристи масҷидҳои басташуда бо дастгоҳи раисҷумҳури Тоҷикистон ва роҳбарияти шаҳру навоҳиҳо мувофиқа карда мешавад.

Шояд масҷидҳои мазкур то аз оғози моҳи шарифи Рамазон ба кор дароянд.

 

Ёдрас мешавем, тибқи иттилои расмӣ, дар соли 2017 дар Тоҷикистон бештар аз 1,7 ҳазор масҷид масдуд шуда буд. Дар соли 2018 танҳо дар ҳудуди вилояти Суғд 120 масҷид дарашро баст. Биноҳо ба марказҳои тиббӣ, дузанагӣ ва варзишгоҳу китобхона табдил дода шуданд.

Лентаи хабарҳо
0