"Духтарро чиву хонданаш чӣ": падарро барои аз мактаб дур кардани фарзандон муҷозот карданд

© Sputnik / Кирилл Брага / Гузариш ба медиабонкШкольники за партой, архивное фото
Школьники за партой, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Як сокини Кӯшониён се духтари ноболиғашро аз таҳсил дар мактаб боздоштааст. Ба иттилои мақомот, мард барои духтар будани фарзандонаш садди роҳи таҳсили онҳо дар мактаб шудааст

ДУШАНБЕ, 3 май – Sputnik. Зокир Холов, сокини ноҳияи Кӯшониён барои аз мактаб дур кардани фарзандон ба ҷазои сазовор маҳкум гардид, хабар медиҳад Додситонии кулли Тоҷикистон.

Додситонӣ менависад, Холов Зокир Шарифович ӯҳдадориҳои худро дар таълиму тарбияи фарзанд ба таври зарурӣ иҷро накарда, фарзандони ноболиғашро аз таҳсил дар мактаб боздоштааст.

"Се фарзанди мард - Содиқов Х.С. -и 15-сола, Холова М.З. -и 11-сола ва Холова В.3.-и  8-сола мебоист дар синфҳои 7, 3 ва 1-и муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ таҳсил намоянд", - тавзеҳ медиҳад манбаъ.

Мальчик катается на велосипеде - Sputnik Тоҷикистон
Шикояти падар аз дуздии дучархаи писараш ва боздошти ҷинояткор

Падар онҳоро бо баҳонаи духтар буданашон  ба таҳсил фарогирӣ накардааст. Ҳол он ки ҳар як шахс ҳуқуқи таҳсил дошта, таълими умумии асосӣ ҳатмӣ мебошад, таъкид мекунад додситонӣ.

 Прокуратураи ноҳияи Кӯшониён нисбати Холов З.Ш. бо моддаи 164 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда, пас аз анҷоми тафтишоти пешакӣ ба суд ирсол гардид.

 "Бо ҳукми суди ноҳияи Кӯшониёни вилояти Хатлон Холов З.Ш. гунаҳгор дониста шуда, ба ҷазои сазовор маҳкум гардид", - менависад манбаъ.

Аммо додситонӣ тавзеҳ намедиҳад, ки ҳукми додгоҳ нисбати Холов кадом буд.

Моодаи 164 Кодекси ҷиноии Тоҷикистон барои монеъ шудани шахси воқеӣ ба гирифтани таҳсилоти ҳатмии умумии асосӣ аз ҷарима ба андозаи то ду ҳазор нишондиҳанда ё ду соли зиндонро пешбинӣ мекунад.

Лентаи хабарҳо
0