Ба ман ҳам деҳ: модар шаурма мехураду луқмае ба кӯдакаш намедиҳад - Видео

Обуна шудан
Дар шабакаҳои иҷтимоӣ наворе паҳн шудааст, ки дар он модаре шаурма мехӯраду кӯдакаш ба ҳавас мехоҳад луқмае аз он газад, аммо шояд аз сабаби хурд будани кӯдак, модар ба вай намедиҳад

Маълум аст, ки наворро волидони кӯдак гирифтаанд. Тифл чанд бор даҳонашро ба ҷониби хӯрок наздик мекунад, аммо ба вай намедиҳанд.

Ӯ ноумед намешавад ва боз ба тарафи шаурма даҳон мекушояд, аммо боз намедиҳанд. Ин кори вай шояд барои волидонаш аҷиб менамояд, ки қоҳҳоси хандаи онҳо шунида мешавад.

Шаурма - хӯроки арабист, ки дар дигар кишварҳо низ маъмул шудааст. Хӯрокро аз нони тунук, гӯшти гов ё мурғ ва сабзавот омода мекунанд. Бо сабаби роҳат будани хӯрдани шаурма он бештар дар шаҳрҳои бузург маъмул шудааст.

Лентаи хабарҳо
0