ДУШАНБЕ, 2 май — Sputnik. Бино бар иттилои дафтари матбуоти раисҷумҳури Тоҷикистон, ахиран Эмомалӣ Раҳмон, Президенти кишвар ба номи Императори фахрии Япония Акихито барқия ирсол намуд.
Дар барқияи мазкур раисҷумҳури Тоҷикистон аз Император Акихито барои дӯстии самимӣ, ҳусни эътимод ва ҳамкории пайваста сипос гуфтааст.
“Дар ин рӯзҳои таърихӣ нахуст бо камоли сарфарозӣ ба Шумо барои дӯстии самимӣ, ҳусни эътимод ва ҳамкории пайваста сипоси амиқи ин ҷонибро иброз медорам”, - таъкид намудааст Эмомалӣ раҳмон.
Инчунин раисҷумҳур аз мулоқоту сӯҳбатҳое, ки тайи солҳои гузашта бо Акихито доштааст ёд карда, таъкид намудааст, ки Тоҷикистон нақши Акихиторо дар таҳкиму тавсеаи муносибатҳои дӯстиву ҳамкориҳои гуногунҷанбаи миёни Тоҷикистону Ҷопон муҳим арзёбӣ мекунад ва хизматҳои ӯро дар ин ҷода арҷгузорӣ менамояд.
“Умедворам, ки анъанаҳои равобити неки байни кишварҳо ва мардумони мо дар минбаъда низ рушд ёфта, арсаҳои нави ҳамкории барои ҷонибҳо судмандро фаро хоҳанд гирифт”, қайд намуд Президент.
Дар ҳамин ҳол, дар барқияи дигари Эмомлӣ Раҳмон ба номи Нарухито ӯро дар робита ба сари тахти Императори Ҷопон нишастанаш самимона табрик намудааст.
Дар барқия Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз ҷумла гуфта шудааст, киҳ укумат ва мардуми Тоҷикистон Нарухиторо дар робита ба сари тахти Императори Ҷопон нишастанаш самимона табрику таҳният мегӯяд.
Эмомалӣ Раҳмон дар барқия қайд намудааст, ки Тоҷикистон таҳкиму густариши муносибатҳои дӯстӣ ва ҳамкориҳои гуногунҷанбаро бо Япония яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати хориҷии худ медонад.
“Изҳори итминон менамоям, ки дар давраи ҳукмронии Шумо тавассути кӯшишҳои якҷоя сатҳи шарикии кишварҳои мо ба пояҳои боз ҳам баландтар бардошта хоҳад шуд. Мо аз ҷониби худ барои тақвият бахшидан ба равобити ҳасанаи байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Япония ҳамаи талошҳоро хоҳем кард”, - таъкид намудааст раисҷумҳури Тоҷикистон.
Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин ба Императори нави Ҷопон Нарухито сиҳатии комил ва дар фаъолияти минбаъдааш дастовардҳои рӯзафзун ва барои Ҷопон ва мардуми он рифоҳу шукуфоии беш аз пеш орзу намудааст.