Боздошти зани 35-сола, ки дар шаҳри Хуҷанд фоҳишахона ташкил кардааст

Обуна шудан
Кормандони милитсияи шаҳри Хуҷанд зани 35 солаеро дастгир намуданд, ки дар хонаи иҷорагирифтааш фоҳишахона ташкил кардааст

ДУШАНБЕ, 2 май — Sputnik.  Бино бар иттилои дафтари матбуоти Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон аз ҷониби кормандони ШВКД шаҳри Хуҷанд зани 35-солаи сокини шаҳри мазкур бо гумони ташкил ё нигаҳдошти фоҳишахона дастгир карда шуд.

Вход в стриптиз бар, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Иҷора на барои иқомат, балки барои табдили фоҳишахона

Тибқи иттилои манбаъ, номбурда, хонаи муваққатӣ ба иҷора гирифтаашро, воқеъ дар суроғаи кӯчаи Исмоили Сомонии шаҳри Хуҷанд ба фоҳишахона табдил додааст.

“Номбурда рӯзи 1-уми феврали соли равон, тахминан соати 11:00-дақиқа, хонаи муваққатӣ ба иҷора гирифта, воқеъ дар суроғаи кӯчаи Исмоили Сомонии шаҳри Хуҷандро ба марди 40-сола ва зани 36-солаи сокинони шаҳри мазкур барои алоқаи ҷинсӣ намудан супорида, бар ивазаш аз онҳо 300-сомонӣ маблағ гирифтааст”,- таъкид намудааст манбаъ.

Дар ҳоли ҳозир кормандони милитсияи шаҳри Хуҷанд нисбати ин ҳодиса тафтишотро идома доранд.

Лентаи хабарҳо
0