Сармояи бештар: Солим ал-Омри бо Сироҷиддин Муҳриддин дидор кард

© Вазорати умури хориҷаи ТоҷикистонМулоқоти Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон бо Директори генералии Муассисаи хайриявӣ ва башардӯстонаи АМА
Мулоқоти Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон бо Директори генералии Муассисаи хайриявӣ ва башардӯстонаи АМА - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Ҷонибҳо ҳавасмандии хешро ҷиҳати тақвияти бештари ҳамкориҳо дар самти пешбурди соҳаи башардӯстона таъкид намуданд

ДУШАНБЕ, 30 апр — Sputnik. Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин, Директори генералии Муассисаи хайриявӣ ва башардӯстона “Шайх Зойид бин Султон Оли Наҳён”-и Амороти Муттаҳидаи Араб ҷаноби Ҳамад Солим ал-Омриро ба ҳузур пазируфт.

Дар ин бора равобити умуммии Вазорати хориҷаи Тоҷикистон хабар медиҳад.

Назарзода: КҲФ ба таҳкими ҳамкорӣ бо Аморати Муттаҳидаи Араб аҳамияти хос медиҳад

"Зимни мулоқот масъалаҳои марбут ба рушди минбаъдаи ҳамкорӣ дар соҳаҳои илму маориф, тандурустӣ ва энергетика, инчунин ҷалби сармоя барои рушди соҳаҳои мавриди таваҷҷуҳ баррасӣ гардиданд",-омадааст дар хабарнома.

Ташхису ҷарроҳӣ: хайри ҳокими Дубай ба садҳо кӯдаки бемори Тоҷикистон дар арафаи Рамазон

Манбаъ афзуда, ки ҷонибҳо ҳавасмандии хешро ҷиҳати боз ҳам тақвият бахшидани ҳамкориҳо дар самти пешбурди соҳаи башардӯстона таъкид намуданд.

Лентаи хабарҳо
0