ДУШАНБЕ, 30 апр - Sputnik. Бино ба иттилоъи равобити умумии ин ниҳод, ин рӯйхат дар асоси сабти дурбинҳои Маркази низоми худкори идоракунӣ дар соҳаи нақлиёт — "Шаҳри бехатар" пешниҳод шудааст.
Аз ҳама бештар сокини шаҳри Душанбе, Мавзудов Нематулло бо худрави "Опел Астра" қоидаҳои ҳаракатро нақз кардааст. Бино ба иттилоъи ВКД, ин ронанда дар 94 ҳолат қоидаҳоро вайрон намуда ва ҳанӯз ҷаримаро пардохт накардааст.
"Мерседес-Бенс"-и мутаалиқ ба сокини шаҳри Душанбе, Аҳлиддин Камолиддин 68 бор қоидаҳои ҳаракат дар роҳро вайрон кардааст. Дар ин рӯйхат дар мақоми сеюм аз рӯи нақзи қоидаи ҳаракат, ронандаи худрави "Мерседес Бенс"-и Мирзоев Ҷаҳонгир сокини шаҳри Душанбе, номбар шудааст.
Ӯ 32 бор қоидаи ҳаракат дар роҳро вайрон кардааст.
Қонуншиканӣ ва ҷаримагурезии занони мошинсавор: рӯйхати ВУД
Дар умум Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, рӯзи 30 апрел, рӯйхати 24 ронандаи ҷаримагурезро нашр кардааст.