IRS барои ҳаракати мошинҳо дар роҳи Душанбе–Чаноқ маҳдудияти мавсимӣ ҷорӣ мекунад

© Sputnik / Амир ИсаевПлатный участок дороги в Варзоб, архивное фото
Платный участок дороги в Варзоб, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Маҳдудияти мавсимӣ ба воситаҳои нақлиёти гаронвазн дахл дошта, ба ҳар як тири пешбаранда на зиёда аз 6 тонна пешбинӣ шудааст

 ДУШАНБЕ, 30 апр - Sputnik. Бо дарназардошти фаро расидани мавсими гармо, шурӯъ аз 1-уми майи соли равон ба ҳаракати мошинҳои гаронвазн маҳдудияти мавсимӣ ҷорӣ карда мешавад.

Камнепад в Таджикистане - Sputnik Тоҷикистон
IRS: роҳи Душанбе – Чаноқ кушода шуд - акс

Бино бар иттилои дафтари матбуоти филиали ширкати IRS, маҳдудият бинобар сабаби фарорасии мавсими тобистон ҷорӣ шуда, то 31 август идома меёбад.

“Филиали Ширкат, ки барои давраи муайян нигоҳдории роҳи мавриди назарро ба зимма дорад, баҳри дар ҳолати хуб нигоҳ доштани он мунтазам тадбирандешӣ менамояд. Бо дарназардошти фаро расидани мавсими гармо, шурўъ аз 1-уми майи соли равон то 31 августи ҳамин сол дар сурати аз 25 дараҷа боло будани ҳарорати ҳаво маҳдудият ҷорӣ мешавад. Ин маҳдудият ба воситаҳои нақлиёти гаронвазн дахл дошта, ба ҳар як тири пешбаранда на зиёда аз 6 тонна пешбинӣ шудааст”, - таъкид намудааст манбаъ.

 Манбаъ қайд намудааст, ки ин ин иқдом барои дар ҳолати хуб нигоҳ дошнаи роҳ ҷорӣ мегардад, зеро дар гармии рӯзона асфалт мулоим шуда, ҳаракати мошинҳои гаронвазн рӯи он ба вайроншавии рӯйпӯши роҳ боис мегардад.

“Маҳдудият дар ҳаракати мошинҳои гаронвазн аз соати 10:00 то 20:00 ҷорӣ мешавад”, -  хабар додааст ширкати IRS.

Ширкати IRS зикр намудааст, ки чунин тадбирандешӣ на танҳо дар Тоҷикистон, балки дар аксарияти кишварҳои дунё роиҷ буда, натиҷаҳои хуб ба бор овардааст.

Лентаи хабарҳо
0