Боздошти зани 30-сола бо иттиҳоми дуздӣ дар ноҳияи Шаҳритус

CC BY-SA 2.0 / houstondwiPhotos mp / Handcuffed Наручники на руках женщины, архивное фото
 Наручники на руках  женщины, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Кормандони милитсияи ноҳияи Шаҳритуси тоҷикистон зани 30-солаеро дастгир намуданлд, ки дар дуздии шаш ҳазор сомонӣ ва ҷавоҳироти гонугун аз хонаи сокини деҳаи Сайёди ноҳияи мазкур айбдор мешавад

ДУШАНБЕ, 30 апр — Sputnik. Бино бар иттилои дафтари матбуоти Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон дар ноҳияи Шаҳритус зани 30-сола бо иттиҳоми дуздӣ дастгир шудааст.

Девушка в наручниках, фото из архива - Sputnik Тоҷикистон
Боздошти зани 36-солаи сокини Дарвоз ба иттиҳоми дуздӣ дар Корвон

Тибқи иттилои манбаъ, ахиран ба ШВУД дар ноҳияи Шаҳритус марди 37-солаи сокини деҳаи Сайёди ноҳияи мазкур муроҷиат намудааст, ки рӯзи 28-уми марти соли равон, тахминан соатҳои 11:30-дақиқа, шахси номаълум бо роҳи пинҳонӣ ба хонаи истиқоматиаш даромада, аз он ҷо 6000 сомонӣ ва ҷавоҳироти гуногуни тиллоию нуқрагӣ, ҷамъ ба маблағи 10 ҳазору 800 сомониро дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст. 

Кормандони милитсия ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ зани 30-солаи сокини деҳаи Сайёд бо гумони дуздӣ дастгир карданд.

Дар ҳоли ҳозир кормандони милитсияи Тоҷикистон нисбати ҳодисаи мазкур тафтишотро идома доранд.

Лентаи хабарҳо
0