Баргузории ҷаласаи провайдерҳои аэронавигатсионии кишварҳои ИДМ дар Душанбе  

© © SputnikАэронавигационные провайдеры СНГ встретились в Душанбе
Аэронавигационные провайдеры СНГ встретились в Душанбе  - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Дар кори ҷаласа қариб 50 ҳайати созмонҳои  аэронавигатсионии Озорбойҷон, Арманистон, Беларусия, Қазоқистон, Қирғизистон, Русия, Тоҷикистон ва Узбакистон иштирок намуданд

ДУШАНБЕ, 30 апр — Sputnik. Рӯзҳои 23-26 апрели соли равон дар шаҳри Душанбе ҷаласаи 36-уми Шурои ҳамоҳангсозӣ ва гуруҳи коршиносони ҳамоҳангсози “Авруосиё”, ки хадамоти правайдерҳои аэронавигатсионии кишварҳои ИДМ-ро бо ҳам мепайвандад, баргузор гардид.  

Главы государств стран СНГ, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Сарони кишварҳои ИДМ ба солгарди оғози Ҷанги дуюми ҷаҳонӣ баёнияи муштарак судур мекунанд

Дар кори ҷаласа қариб 50 ҳайати созмонҳои  аэронавигатсионии Озорбойҷон, Арманистон, Беларусия, Қазоқистон, Қирғизистон, Русия, Тоҷикистон ва Узбакистон иштирок намуданд.

Инчунин, дар ҷаласа намояндагони аэронавигатсияи саноатӣ, Ассотсиятсияи байналмилалии роҳи ҳавоӣ ва Кумитаи авиатсия байнидавлатӣ ҳузур доштанд.

Русияро дар ин чорабинӣ ҳайати КФВД “Госкорпаратсия по ОрВД”  таҳти роҳбарии мудири кулл, Игор Моисеенко намояндагӣ мекард.

Дар рафти ҷаласа аъзои Шӯрои ҳамоҳангсозии “Авруосиё” дар бораи фаъолияти шашмоҳаи худ маърӯза карда, сипас ба ҳисоботи гуруҳи коршиносони ҳамоҳангсоз оид ба ҳамкориҳои техникӣ дар соҳаи аэронавигатсия гӯш доданд.

Флаги государств СНГ  - Sputnik Тоҷикистон
 Ҷаласаи Шӯрои фармондеҳони мақомоти сарҳадии кишварҳои ИДМ дар Тошканд баргузор мегардад

Игор моисеенко бо маърӯза дар бораи фаъолияти  КФВД “Госкорпаратсия по ОрВД” маърӯза хонд. Вай ҳангоми баромадаш  аз зиёдшавии ҳаракатҳои ҳавоӣ дар фазои Русия аз рӯи ҷамъбасти соли 2018 ишора карда, аз амалишавии бо мувафаққияти барномаҳо оид ба мустаҳкамгардонии марказҳои идоракунии ҳаракати ҳавоӣ ва ба истифодадиҳии марказҳои “Госкорпаратсия по ОрВД” дар Тюмен ва Екатеринбург қайд кардааст. Ҳамчунин аз таҷрибаҳои ташкилии ҳаракати ҳавоӣ ҳангоми баргузор намудани XXIX Универсиадаи зимистонаи ҷаҳонӣ дар Красноярск гуфта гузаштааст.

Ҳайатҳо ва меҳмонони Шӯро аз баргузорнамоии ин чорабинӣ дар сатҳи баланд, чун анъана ба Корхонаи воҳиди давлатӣ  “Таджикаэронавигация” изҳори миннатдоргӣ байён доштанд. 37-умин ҷаласаи Шурои ҳамоҳангсозӣ ва гуруҳи коршиносони ҳамоҳангсозии “Авруосиё” дар моҳи сентябри соли ҷорӣ дар Қазоуистон дар назар аст.

Лентаи хабарҳо
0