Аз бекорӣ то меҳнати солиму қарзҳои имтиёзнок: дар Суғд ҳуқуқи меҳнаткашон баррасӣ шуд

© Sputnik / Павел Лисицын / Гузариш ба медиабонкТрудовые мигранты, архивное фото
Трудовые мигранты, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Масъулони мақомоти ҳифзи ҳуқуқи меҳнаткашон дар Суғд дар як нишаст масоили ҳуқуқ ва меҳнати бехатарро баррасӣ намуданд

ДУШАНБЕ, 30 апр - Sputnik. Дар остонаи рӯзи ҷаҳонии ҳифзи меҳнаткашон, масъулин дар як нишаст ҳуқуқи коргарон, шароити меҳнати солим ва вазифаи корфармоёнро муҳикима кардаанд.

Раджаббой Ахмадзода и Эмомали Рахмон - Sputnik Тоҷикистон
Бо ҳидояти Раҳмон ва дастури Аҳмадзода: 30% арзонӣ дар остонаи Рамазон дар Суғд

Шарифулло Абдуллозода, раиси Шӯрои иттифоқҳои касабаи вилояти Суғд таъкид  намуд, ки ташкили корхонаву ташкилотҳо ба зиёд шудани ҷойҳои корӣ ва баланд бардоштани сатҳи иқтисодиву иҷтимоии сокинон мусоидат мекунад.

“Мардуми Тоҷикистон ҳуқуқи маънавии зиндагии шоистаро доранд. Ва ин аст, ки Ҳукумати Тоҷикистон санадҳои муҳим ба монанди Ҳадафҳои рушди ҳазорсола, Стратегияи милли рушди Тоҷикистон то давраи соли 2030 ва даҳҳо дигар барномаҳои давлатию соҳавиро қабул намудааст, ки мавриди амал қарор дода мешаванд”, - афзуд вай. 

Дар ҳамин ҳол, Камол Толибзода, муттахассиси Раёсати хадамоти давлатии назорат дар соҳаи меҳнат муҳофизат ва шуғли аҳолӣ дар вилояти Суғд гуфт, ки дар се моҳаи соли ҷорӣ ниҳоди онҳо 59 корхона ва ташкилотҳоро мавриди санҷиш қарор дода, дар паи он, 177 мавриди нақз шудани ҳуқуқи коргаронро ошкор намудааст, ки бештари ин ҳолатҳо марбут ба масоили саривақт пардохт нашудани музди меҳнати коргарон будааст.

Камол Толибзода, қайд намуд, ки назар ба ҳисоби моҳи январи соли ҷорӣ, ҳоло қарздории корхонаҳо аз маоши коргарон ба 276 ҳазор сомонӣ зиёд гардида, бештар аз нисфи ин маблағ марбут ба ҶСК “Комбинати маъдантозакунии Адрасмон” аст, ки 70% и қарздории корхонаҳо дар вилоятро ташкил медиҳад. Дар соҳаи кишоварзӣ ба гуфтаи ӯ қарздорӣ асоси дар назди коргарон сохторҳои агентии беҳдошти замин ва обёрӣ дар шаҳру ноҳияҳо вилоят  будааст.

Наврузовский карнавал в Нуреке - Sputnik Тоҷикистон
Дар Суғд 6733 зан дар вазифаҳои роҳбарикунанда фаъолият доранд

“Бояд руирост гуфт, ки баъзе корфармоён, барои бастани шартномаи меҳнатӣ бо коргарон  ҳавасманд нестанд. Зеро ин яке аз роҳҳои аз ҷониби кордиҳанда сарфи назар намудани қонунгузории Тоҷикистон дар самти ҳимояи ҳуқуқи шаҳрвандон ба меҳнат мебошад. Аз сабаби он, ки шартномаи меҳнатӣ баста нашудааст, коргарро ягон мақомот ҳимоя карда наметавонад ва ба мушкилӣ дучор мешавад”, - гуфт Камол Толибзода.  

Қонуни Тоҷикистон ҳифзи меҳнат, чорабиниҳои ҳуқуқӣ, иҷтимоӣ, иқтисодӣ, ташкилию техникӣ ва санитарию табобатиро пешбинӣ мекунад, аммо амалан на ҳамаи ин ҳолатҳо барои меҳнаткашон тадбиқ карда мешавад. Дар баъзе ҳолатҳо шароити носолими кор дар коргоҳҳо ба ҳодисаҳои нохуш гирифтор шудани коргарон боис мегардад.

Бино ба иттилоъи расмӣ давоми се моҳи аввали соли равон дар вилояти Суғд 10 ҳодисаи маргбор ба қайд гирифта шудааст, ки коргарон дар вақти корӣ қарор доштанд.

Дар ҳамин ҳол Шермуҳаммад Нодирӣ, сардори раёсати агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ дар вилояти Суғд мегуяд, ки дар вилоят ба ҳолати 1 уми апрели соли равон, 8 ҳазору 890 нафар бекор расман ба қайд гирифта шудааст.

Ба гуфтаи Нодирӣ ин ниҳод ба ҷуз сапти номи бекорон барои бо шуғл фаро гирифтани онҳо талош мекунад. Он ба ҷузъ баргузории ярмаркаҳои ҷойҳои холии корӣ ҳар моҳ дар шаҳру ноҳияҳои Суғд барои бекорон то се ҳазор сомонӣ қарзҳои имтиёзноки давлатӣ пешниҳод мекунанд.

Таджикские сомони - Sputnik Тоҷикистон
Вазорат: маош дар Душанбе, Суғд, Хатлон ва ВМКБ аз 6 то 19 фоиз афзоиш ёфт

“То ин давра 6 ҳазору 123 нафарро бо шуғл ва ҷои кор таъмин карда шудаанд. Ба 553 нафар аз шумори умумии онҳо то се ҳазор сомонӣ қарзҳои имтиёзнок пешниҳод карда шуд”,-  афзуд Нодирӣ.

Дарёфти ҷои кор дар Тоҷикистон ҳоло яке аз мушкилоти асосӣ ба ҳисоб меравад. Ба далели ин мушкил ҳамасола садҳо ҳазор нафар сокинони Тоҷикистон барои муҳоҷирати корӣ ба Русия мераванд. Тибқи иттилои ғайрирасмӣ ҳоло шумори муҳоҷирони тоҷик дар ҳудуди Русия наздик 1 милиону 200 ҳазор нафар расидааст.

Лентаи хабарҳо
0