Ҳалокати зану кӯдак дар садамаҳои рӯзҳои охир

© Фото : CC0 / Rico_LoebДорожный знак, архивное фото
Дорожный знак, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Вазорати умури дохилии Тоҷикистон аз ду садамаи маргбор хабар дод, ки дар натиҷа кӯдаки хурдсол ва зани 59-сола ба ҳалокат расидаанд

ДУШАНБЕ, 29 апр - Sputnik. Тибқи гузориши ВУД, 26-уми апрели соли 2019, тахминан соати 17:00, мошини “Опел-Астра”, таҳти идораи Назаров Шамшод, сокини 30-солаи ноҳияи Лахш, ҳангоми ҳаракат дар шоҳроҳи “Ваҳдат-Рашт-Лахш” ба чуқурии 460-метрӣ чаппа шудааст.

ДТП на автотрассе Душанбе-Худжанд-Чаннок  - Sputnik Тоҷикистон
Пурқурбонитарин садама дар Суғд: ВУД Раҳимовро гунаҳкор медонад - видео

Манбаъ мегӯяд, ҳодиса дар ҳудуди ноҳияи Нуробод дар пайи аз ӯҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромадани Назаров рух додааст.

“Дар натиҷа, мусофири автомашинаи мазкур Муҳиддинова Махфират Аҳлиддиновна, соли таваллудаш 1960, сокини шаҳри Ваҳдат, ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст”, - омадааст дар иттилоия.

ВУД инчунин аз садамаи дигари маргбор хабар дод, ки шоми 27-уми апрели соли 2019, дар шаҳри Душанбе рух дод.

Арест, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Боздошти ҷавони 20-сола дар Ҳисор бо иттиҳоми қасди қатли ҳамшаҳраш

Ин ниҳод иттилоъ дод, ки Ҳусейн Бедилов, ронандаи 50-солаи “Опел-Сатурн”, ҳангоми ҳаракат дар кӯчаи Испечаки пойтахт аз ӯҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, хурдсол Раҷабов Бобораҷаб Маъруфович, соли таваллудаш 2010, сокини кӯчаи мазкурро пахш намудааст.

“Дар натиҷаи рух додани чунин ҳодисаи нохуш, хурдсол Раҷабов Бобораҷаб ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, ҳангоми ба беморхона дастрас намудан дар роҳ ба ҳалокат расидааст”, - омадааст дар иттилоия.

ВУД таъкид кард, ки феълан таҳқиқи ин ҳодисаҳо идома дорад.

Лентаи хабарҳо
0