ДУШАНБЕ, 29 апр — Sputnik. Рустам Назарзода, раиси кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании Тоҷикистон бо ҳайати муассисаи хайрияи ба номи Шайх Зойид бинни Султон Наҳёни Аморати Муттаҳидаи Арабӣ мулоқот кард.
Зимни мулоқот тарафҳо, раиси КҲФ ба ҷаноби ба роҳбари ин муассисаи хайриявӣ Ҳамад Солим ал-Амрӣ дар бораи самтҳои фаъолият ва шеваҳои кори ниҳод, сохтор ва воҳидҳо, ҳамчунин корҳои анҷомгирифта ҷиҳати пешгирӣ аз ҳолатҳои фавқулода дар кишвар ва бартарафсозии оқибатҳои онҳо шарҳ дод.
“Дар ҳузури ҳайати муассисаи хайрияи ба номи Шайх Зойид бинни Султон Наҳёни Аморати Муттаҳидаи Арабӣ рӯнамоии баъзе тарҳҳо баргузор шуд”,- қайд намуд манбаъ.
Манбаъ таъкид намудааст, ки сафари ҳайати муассисаи хайрияи ба номи Шайх Зойид бинни Султон Наҳёни Аморати Муттаҳидаи Арабӣ ин марҳилаи муҳими татбиқи сиёсати давлатӣ дар самти ҳимояи аҳолӣ ва ҳудуд аз ҳолатҳои фавқулода ва таҳкими минбаъдаи ҳамкориҳои байналмилалӣ дар ин самт мебошад.