Кӯдаки тоҷик аз ошёнаи 6-ум афтиду зинда монд

© Sputnik / Константин Чалабов / Гузариш ба медиабонкДети, архивное фото
Дети, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Кӯдаки 6-солаи тоҷик, ки аз ошёнаи 6-ум афтид, бо табобат фаро гирифта шуда, ба ҳаёташ таҳдиде вуҷуд надорад

ДУШАНБЕ, 29 апр — Sputnik. Тибқи иттилои додситонии вилояти Улянов, нохушӣ 26 апрел дар кӯчаи Пушкарёви ноҳияи Засвияжски Улянов рух дод.

Аптечка на подстанции скорой и неотложной медицинской помощи, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Автобус бо 53 мусофир чаппа шуда, ба коми оташ рафт. 37 нафараш мактаббачагон будаанд

“Кӯдак болои тиреза баромада, хостааст, ба пардаи зидди хомӯшакҳо такя кунад ва ба замин сарозер шудааст. Модари ӯ ба нигоҳубини ду фарзанди дигари хурдсол машғул будааст”, - хабар додаанд расонаҳои минтақавӣ аз қавли мақомоти Улянов.

Ба иттилои манбаъ, кӯдак болои боми мағоза афтида, гарчанде ҷароҳатҳои вазнин бардошт, зинда монд.

Мақомоти тандурустии Улянов хабар додаанд, феълан кӯдак дар шуъбаи эҳёгарӣ бо табобат фаро гирифта шуда, ба ҷонаш таҳдиде вуҷуд надорад. Рӯзҳои наздик дар назар аст, ки аз шуъбаи эҳё мураххас шавад.

Кӯдак дар оилаи солим зиндагӣ мекардааст, ки аз Тоҷикистон ба Русия омадааст. Расонаҳои минтақавӣ навиштаанд, замони рух додани нохушӣ падари хонавода дар кор будаст. Вақте модар машғули нигоҳубини фарзандони дигар мондаст, кӯдаки 6-сола болои тиреза баромадааст.   

Лентаи хабарҳо
0