“Истиқлол” тими “Истаравшан”-ро голборон кард

© Федерация футбола ТаджикистанаФутболисты юниорной сборной Таджикистана на футбольном поле
Футболисты юниорной сборной Таджикистана на футбольном поле - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Дастаи футболи “Истиқлол” шоми 26 апрел дар бозии даври чоруми Чемпионати Тоҷикистон миёни дастаҳои лигаи олӣ дар майдони худ бар тими “Истаравшан” бо ҳисоби 4:0 ғалаба кард

ДУШАНБЕ, 28 апр — Sputnik. Тибқи иттилои Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон,  3 холи навбатиро барои “Истиқлол” Муҳаммадҷон Раҳимов, Эҳсони Панҷшанбе, Алишер Ҷалилов ва Шаҳром Самиев оварданд.

Боковой арбитр на футбольном поле, архивное фотоф - Sputnik Тоҷикистон
Узри довар ва видеои муштзании дарвозабони “Хатлон” ба легионери узбакистонии “Истаравшан”

“Бо 10 хол аз 4 бозӣ дастаи “Истиқлол” мавқеашро дар ҷои аввали ҷадвали Чемпионати Тоҷикистон устувор кард”, - таъкид кардааст Кумитаи миллии олимпӣ.

Кумита зикр кардааст, ки дар бозии аввали даври чорум 25 апрел дастаи “Хуҷанд” дар майдони худ бар тими “Регар-ТадАЗ” бо ҳисоби 3:1 ғалаба кард.

Ду бозии охири даври чорум 27 апрел доир мегарданд. “Куктош” бо “Панҷшер”, КМВА “Помир” бо “Хатлон” бозӣ мекунанд.

Лентаи хабарҳо
0