Дар навор дида мешавад, ки чигуна варзишкор шӯхиомез бо ҳайвон набард мекунаду ӯро чанд нафар тамошо мекунанд. Видео дар манзараи кӯҳие ба навор гирифта шудааст.
Рӯзи набард маълу нест, аммо Нурмуҳаммедов дар Инстограм аксе гузошта, навиштааст, "бо дӯсти деринаам".
Эҳтимол меравад, Ҳабиб бо вожаи "дӯсти дерина" ишора ба ҳамон набарде мекунад, ки дар нӯҳсолагӣ бо хирсе дошт.
Дар он дида мешавад, ки чӣ гуна дар соли 1997 Ҳабиб Нурмуҳаммадови хурдсол ҷасурона бо хирсбача рақобат мекунад. Падари паҳлавон нақл кардааст, ки ин навор дар Махачкала, замоне, ки Ҳабиб нуҳ сола будааст, сабт шудааст.
Набард бо қоидаву қонунаш гузашт, гарчанде баъзан яке аз "паҳлавонон" берун аз қоида рақобат мекард. Хирсбача бо дандонҳояш сабукона пӯшоки Ҳабибро газида ба худ кумак мекард.