ДУШАНБЕ, 27 апр - Sputnik. Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон аз шикояти як марди 33-сола аз навраси 17-сола хабар медиҳад, ки як мушт ба рӯяш задааст.
Бино бар иттилои манбаъ, ба ШВКД-1 дар ноҳияи Шоҳмансур бо ариза марди 33-солаи зодаи шаҳри Истаравшан, корманди тарабхонаи “ОК”, муроҷиат намудааст.
Ба гуфтаи вай, рӯзи 25-уми апрели соли 2019, тахминан соати 23:40-дақиқа, дар назди тарабхонаи мазкур, ҷавонписари 17-солаи сокини ноҳияи Рӯдакӣ, аз хусумати шахсӣ 1 маротиба бо мушт ба рӯяш задааст.
Дар натиҷа, номбурда мутобиқи хулосаи Ташхиси судӣ-тиббӣ таҳти №2267 аз 26-уми апрели соли 2019, ба саломатиаш ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардоштааст.
Аз рӯи ин ҳодиса тафтишот идома дорад.