Талоши Эмомалӣ Раҳмон барои зудтар имзо шудани санадҳои ҳамкорӣ бо Ветнам

© Пресс-служба президента ТаджикистанаПрезидент Таджикистана Эмомали Рахмон прибыл в Пекин
Президент Таджикистана Эмомали Рахмон прибыл в Пекин - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Тоҷикистон пешниҳод карда, ки санадҳои ҳамкорӣ дар соҳаҳои тандурустӣ, маориф, кишоварзӣ, алоқа, канорагирӣ аз андозбандии дукарата, ки айни ҳол дар баррасии ҷонибҳо қарор дорад, ҳар чи зудтар ба имзо расанд.

ДУШАНБЕ, 26 апр — Sputnik. Дар доираи сафари корӣ дар Чин ва дар ҳошияи иштирок дар Форуми дуюми ҳамкории байналмилалии “Як камарбанд, як роҳ”, Эмомалӣ Раҳмон бо сарвазири Ҷумҳурии Сотсиалистии Ветнам Нгуен Суан Фук мулоқот кард. Дар ин бора хадамоти матбуотии раисҷумҳури Тоҷикистон хабар медиҳад.

Ба иттилои манбаъ, дар ҷараёни мулоқот масоили ҳамкории кишварҳо дар сатҳи дуҷониба ва бисерҷониба баррасӣ шуд.

Президент Таджикистана Эмомали Рахмон - Sputnik Тоҷикистон
Раҳмон шумораи миллиардҳои додаи Чин, сирри рушд ва интизориҳо аз сафар ба Пекинро гуфт

Эмомалӣ Раҳмон дидору суҳбати навбатиро имкони хубе барои муҳокимаи вазъ дурнамои рушди робитаҳои Тоҷикистону Ветнам арзёбӣ кард.     

Аз сатҳу сифати муносибатҳои ҳамкории кишварҳо давоми 27 соли барқароршавии робитаҳои дипломатӣ изҳори қаноатмандӣ карда шуд.

"Мо метавонем барои расидан ба ҳадафҳои судманд бар нафъи давлатҳо ва халқҳоямон аз муколамаи сатҳи олӣ, сафарҳои ҷавобии сарони давлатҳо, машваратҳои сиёсии байни вазоратҳои корҳои хориҷӣ, таъсиси сафоратхонаҳо, фаъолияти гуруҳи дӯстӣ ва ҳамкории байнипарлумонӣ, инчунин дигар имкониятҳо ба таври самаранок истифода барем",-таъкид кардаанд ҷонибҳо.

Эмомалӣ Раҳмон дар ҳамоиши “Як камарбанд, як роҳ” ширкат кард

Барои мусоидат ба рушду густариши бештари робитаҳо пешниҳод карда шуд, ки санадҳои муҳими ҳамкорӣ дар соҳаҳои тандурустӣ, маориф, кишоварзӣ, алоқа, варзиш, канорагирӣ аз андозбандии дукарата, инчунин илму фарҳанг, ки айни ҳол дар баррасии ҷонибҳо қарор дорад, ҳар чи зудтар ба имзо расанд.

Дар ҷараёни мулоқот ҳамгироии ҷонибҳо дар чаҳорчуби ташкилоту созмонҳои бонуфузи ҷаҳонӣ, ҳамкорӣ дар бахшҳои илм, фарҳанг, туризм ва дигар масъалаҳои мавриди таваҷҷуҳ баррасӣ карда шуд.

Лентаи хабарҳо
0