Пас аз вокуниши Раҳмон: интиқоди сахти Зуҳуров аз Хадамоти зиддиинҳисорӣ

© Sputnik / Рамиль Ситдиков / Гузариш ба медиабонкПервое совещание спикеров парламентов стран Евразии
Первое совещание спикеров парламентов стран Евразии - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Раиси палатаи поёнии парлумони Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров гуфт, ки Тоҷикистон кишвари бойе нест ва намешавад ин қадр нархи интернетро боло бурд

ДУШАНБЕ, 26 апр — Sputnik. Хадамоти зиддиинҳисорӣ бо фармоиши бемулоҳизаи худ дар бораи боло бурдани нархи интернети мобилӣ, ҷомеаи кишварро ба ҳаяҷону изтироб овард, гуфт Шукурҷон Зуҳуров.

"Шумо бо қарори бемулоҳизаи худ муддати як моҳ Тоҷикистонро “қаҳрамони асосӣ"-и ВАО-и ҷаҳон карда, сарвари давлатро дар вазъи ногувор гузоштед”, - иброз дошт ӯ.

Президент Таджикистана Эмомали Рахмон - Sputnik Тоҷикистон
Дастури Раҳмон дар бораи бекор кардани қарори Интернет ва амр ба муҷозоти масъулин

Зуҳуров қайд кард, ки пеш аз боло бурдани нархи ин ё он навъи хизматрасониҳо, “бахусус дар бахши иҷтимоӣ”, вазорату идораҳои кишварро зарур аст, ки чуқур андешанд.

Ёдрас мешавем, кишвардори Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба эътирози мардуми Тоҷикистон ба қарори Хадамоти зиддиинҳисории кишвар дар бораи боло бурдани арзиши интернет ва тарофаҳои ширкатҳои мобилӣ вокуниш нишон дод.

Суруди Аброр Назаров дар бораи "дафни интернет" дар Тоҷикистон

Президент дастур дод, то ин қарор бекор карда шавад.

Пештар ширкатҳои мобилии Тоҷикистон аз тағйири нархи хадамоташон бо фармоиши Хадамоти зиддиинҳисории кишвар хабар доданд.

Ҳамин тавр, ширкати Tcell нархномаи нав бо муҳр ва имзои Саъдӣ Қодирзода, ҳамакнун раиси пешини Хадамоти зиддиинҳисории Тоҷикистонро пешниҳоди мизоҷон карда буд.

Социальная сеть Фейсбук - Sputnik Тоҷикистон
"Имрӯзро ид эълон кунед": хушҳолии мардуми Тоҷикистон аз бекор шудани қарори Интернет

Бар асоси он, арзиши 1 мегабайт интернет бо назардошти андоз аз арзиши иловашуда ва аксиз 6,2 дирам, 1 гигабайт – 62 сомонӣ ва 10 гигабайт 620 сомонӣ муайян гардид.

Ширкати Мегафон низ дар паём ба муштариёнаш арзиши 1 гигабайтро 62 сомонӣ эълон кард. Мегафон Тоҷикистон дар сомонааш таъкид кард, ки бо дастури Хадамоти зиддиинҳисорӣ нархҳо боло бардошта мешаванд.

Аммо эътирози сокинони Тоҷикистон ва вокуниши раисҷумҳури кишвар боиси ба ҳолати аввала баргардонидани нархи истифодаи интернет ва арзиши тарофаҳои ширкатҳои мобилӣ шуд.

Лентаи хабарҳо
0