ДУШАНБЕ, 26 апр - Sputnik. Имрӯз дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳавои тағйирёбанда шуда, дар ғарби вилоят борони кӯтоҳмуддат меборад. Дар баъзе ноҳияҳои шарқии вилоят боридани борон ва барф дар назар аст. Ҳаво дар ғарби вилоят шабона 1-6 ва рӯзона 11-16 дараҷа гарм мешавад. Дар шарқи вилоят ҳаво шабона 2-7 дараҷа сард шуда, рӯзона 4-9 дараҷа гармӣ дар назар аст.
Дар вилояти Суғд ҳавои тағйирёбанда шуда, дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат борида, туман мефарояд. Дар баландиҳои зиёда аз 2 ҳазор метр барф меборад. Шамол аз самти ғарб бо суръати 3-8 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 6-11 ва рӯзона 13-18 дараҷа гарм мешавад. Дар ноҳияҳои кӯҳӣ ҳаво шабона 1-6 дараҷа сард шуда, рӯзона 4-9 дараҷа гарм мешавад.
Дар вилояти Хатлон ҳавои тағйирёбанда шуда, дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат меборад. Дар баландиҳои зиёда аз 2 ҳазор метр барф меборад. Ҳаво дар водиҳо шабона 7-12 ва рӯзона 15-20 дараҷа гарм мешавад. Дар доманакӯҳҳо ҳаво шабона 1-6 ва рӯзона 8-13 дараҷа гарм мешавад.
Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳавои тағйирёбанда дар назар аст. Борони кӯтоҳмуддат борида, туман мефарояд. Дар баландиҳои зиёда аз 1 ҳазору 500 метр борон ба барф мубаддал мегардад. Ҳаво дар водиҳо шабона 5-10 ва рўзона 13-18 дараҷа гарм мешавад. Дар ноҳияҳои кўҳӣ ҳаво шабона аз 3 дараҷа хунук то 2 дараҷа гарм ва рўзона 9-14 дараҷа гарм мешавад.
Ҳаво дар шаҳри Душанбе тағйирёбанда шуда, борони кӯтоҳмуддат меборад. Шамол аз самти ғарб бо суръати 3-8 метр дар як сония мевазад. Ҳаво шабона 6-8 ва рӯзона 14-16 дараҷа гарм мешавад.