ДУШАНБЕ, 26 апр - Sputnik. Тибқи эълони нашркардаи Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ, ҶСК “Гулистони Душанбе” бо нархи 24 миллиону 220 ҳазор сомонӣ ба фурӯш гузошта шудааст. Қаблан ин корхона беш аз 30 миллион сомонӣ нархгузорӣ шуда буд.
Кумита 242 ҳазору 200 саҳмияи корхонаро, ки дар кӯчаи Теҳрон 21, шаҳри Душанбе ҷойгир аст, бори дигар пешниҳоди харидорон намудааст.
Додгоҳи иқтисодии шаҳри Душанбе соли 2014 корхонаи дӯзандагии “Гулистон”-ро, ки 95 дарсади саҳмияҳояш ба Дмитрий Фирташ, миллиардери украинӣ ва 5 дарсад ба Хайруллоҳ Саидов, писарбузурги Зайд Саидов, соҳибкори зиндонии тоҷик тааллуқ доштанд, ба фоидаи давлат мусодира кард. Далели мусодира нақзи қонун зимни хусусигардонии он арзёбӣ шуд. То ҳол чанд талоши мақомоти тоҷик барои фурӯши ин корхона бенатиҷа анҷомиданд.