ДУШАНБЕ, 25 апр - Sputnik. IRS бо нашри як иттилоия аз роҳкушоӣ хабар дода, ҳушдор додааст, ки хатари лағжиши куҳпораҳою сангфароӣ ҳанӯз ҳам ҷой дорад. Ин ширкат ронандагону мусофиронро ба эҳтиёткорӣ даъват намудааст.
Ин ширкат қаблан изҳор дошта буд, ки бинобар зиёд гардидани сангрезӣ ва лағжиши куҳпораҳо ҳаракати воситаҳои нақлиёт аз 20:00-и 24 апрел масдуд шудааст. IRS аз барфрезию борони шадид дар минтақаи Зарафшон, алалхусус наздикии нақби "Истиқлол" хабар дода, таъкид намуд, ки селу сангфароӣ хеле зиёд аст
Ин дар ҳолест, ки субҳи 24 апрел дар пайи селфароӣ дар ноҳияи Файзобод ду нафар ба ҳалокат расиданд.
Ахиран Ожонси обуҳавошиносии Тоҷикистон иттилоъ дод, ки ҳавои номусоид дар кишвар то охири моҳи равон боқӣ хоҳад монд.
Ожонси обуҳавошиносӣ таъкид кард, ки шаби 24 ба 25 апрел дар натиҷаи боридани боронҳои шиддатнок якбора баландшавии сатҳи оби дарёҳои Ёхсу, Қизилсу Хингоб, Кофарниҳон ва Варзоб аз эҳтимол дур нест. Инчунин ба иттилои манбаъ, дар қисми зиёди минтақаҳои ҷумҳурӣ хатари фаромадани сел ва ярч дар назар дошта шудааст.