ДУШАНБЕ, 25 апр - Sputnik. Тибқи иттилои Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон маросими супоридани эътимодномаи Маҳмадшариф Ҳақдод ба хонум Грибаускайте 23- юми апрел сурат гирифт.
Вазорат афзуд, Маҳмадшариф Ҳақдод зимни ин мулоқот аз номи Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон саломи самимона ва таманниёти боло бурдани ҳамкориҳо байни ду кишварро ба хонум Даля Грибаускайте расонд.
“Ҷонибҳо дар бораи ҳолати кунунии муносибатҳои дуҷониба ва дурнамои густариши ҳамкориҳо байни кишварҳо ва масъалаҳои дигари мавриди эҳтимоми муштарак табодули афкор намуданд”, - омадааст дар иттилоияи ВУХ.
Ин ниҳод афзуд, раисиҷумҳури Литва изҳори итминон кард, ки бо оғози фаъолияти сафир сатҳи ҳамкориҳои тарафайн боло рафта, муносиботи дуҷонибаи Тоҷикистону Литва тавсиа хоҳанд ёфт.
Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон аввали соли равон Маҳмадшариф Ҳақдод, сафир дар Белорусро ҳамзамон сафир дар Литва таъин намуда буд.