Қарор аст мулоқоти роҳбарони Русияву Куриёи шимолӣ дар Донишгоҳи федералии шарқи дури Русия сурат бигирад.
Кормандони амният бехатарии ҳудуди донишгоҳи мазкурро барои омадани меҳмони олиқадр пурзур намуданд. Муҳофизон шахсони бегонаро намегузоранд наздик шаванд ва воридшавӣ ба донишгоҳ танҳо бо рӯйхати мувофиқашуда иҷозат аст.
Бояд қайд намуд, ки чораҳои амниятие, ки роҳбари Куриёи Шимолӣ дидааст тааҷубовар аст ва дар ягонҷои дунё дида намешавад.
Дар хидмати Ким Чен Ин беш аз 120 ҳазор муҳофиз, қатори зиреҳпӯш, лимузини сиёҳ, ротаи тонкии махфӣ, чаҳор доираи муҳофизон ва муҳофизони яккачин мебошанд.
Шояд ҳамин чораҳои амнияти будааст, ки хонадони Кимҳо солҳои тулонӣ қудратро дар кишвар дар дасти худ нигоҳ доштанд.
Тасвирбаёни Sputnik Тоҷикистон аз сафарҳои хориҷии Ким Чен Ин, роҳбари Куриёи Шимолӣ.









