Узр, таъзим ва ваъдаи хизмати дукаратаи Афзалшо Шодиев

© SputnikНародний артист Таджикистана Афзалшо Шодиев
Народний артист Таджикистана Афзалшо Шодиев - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Афзалшо Шодиев сабаби ба рӯзҳои 11 ва 12 уми май таъхир гузоштани барномаи консертиаш дар Хуҷандро шарҳ дода, аз мухлисонаш узр пурсида ва хизмати дукарата ваъда дод

ДУШАНБЕ, 24 апр - Sputnik. Қарор буд, ки санаҳои 30 -уми апрел ва 1- уми май барномаи консертии Афзалшо Шодиев дар Қасри ҷавонон ба номи Лоиқ Шералӣ дар Хуҷанд баргузор гардад, аммо баргузории ин ду барномаи консертӣ ба рӯзҳои 11 ва 12 уми май ба таъхир гузошта шудааст.

Худи Афзалшо Шодиев дар як навор, ки аз тариқи телевизионҳои маҳаллии Хуҷанд се чор рӯз боз пахш карда мешавад, сабаби ба таъхир гузоштани барномаи консертиашро шарҳ дода ва аз мухлисонаш узр пурсидааст.

"Сафари хориҷа баромада монд, барои ҳамин сафарба иштирок карданам лозим ва маъзарат мехоҳам аз мардуми бузург. Рӯзҳои 11 ва 12- уми май, соати 14:00 дар Қасри ҷавонони ба номи устод Лоиқ Шералӣ ҳамаи мухлисони азизи худамро мунтазир мешавам. Ба ҳамаи шумо дукарата хизмат мекунам. Ба ҳамаи мардуми Хуҷанди бостонӣ аз номи ман таъзим", - изҳор доштааст, дар навори видеоӣ Афзалшо Шодиев.

Открытие фестиваля Неделя детской книги в здании Государственной филармонии имени Акашарифа Джураева - Sputnik Тоҷикистон
Ёди Афзалшоҳ Шодиев ва Сурайё Қосимова аз Одина Ҳошим дар Филармонияи давлатӣ

Зимнан ҳамаи тоблӯҳое, ки консерти Афзалшо Шодиев ро дар рӯзҳои 30 - уми апрел ва 1 - уми май тарғиб мекарданд, ба далели сафари хориҷии ҳофиз барчида шудаанд.

Бино ба гуфтаи баргузоркунандаҳои консерт дар рӯзҳои баргузории консерт сафари хидматии ҳофиз  ба кишвари Олмон иттифоқ афтодааст.

 "Онҳое, ки чиптаи консертро барои рӯзҳои 30 - уми апрел ва 1 -уми май  харидорӣ кардаанд, метавонанд, рӯзҳои 11 ва 12 -уми май ба Қасри ҷавнон биёянд ва ба консерт иштирок намоянд",- мегуяд яке аз масъулини баргузоркунандаи консерти Афзалшо Шодиев. 

Афзалшо Шодиев аз ҳофизоне гуфта мешавад, ки барномаҳои консертиашро бо овози зинда баргузор мекунад. Ба ҷуз сурудаҳои баландмазмунаш дар васфи ватан ва ҷавонӣ, инчунин ӯро сӯҳбатҳояш бо лаҳҷаи мардуми хоси Хуҷанд ва минтақаҳои Суғд маҳбуби мухлисон гардонидааст.

Афзалшо Шодиев ҳунарманди мардумии Тоҷикистон аст ва сар аз соли 2014 роҳбарии Филармонияи давлатии ба номи Акашариф Ҷӯраев, ниҳоди консертии тобеъи Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистонро бар ӯҳда дорад.

Лентаи хабарҳо
0